Саҳми донишҷӯён дар тадбиқи сиёсати давлатӣ

Саҳми донишҷӯён дар тадбиқи сиёсати давлатӣ

Тибқи супориши расмии Раёсати донишгоҳ ва нақшаи корӣ санаи 23 юми апрели соли ҷорӣ дар хобгоҳи № 5 бо иштироки муовинони деканати факултети тиббӣ оид ба тарбия Истамова З.Ҳ., Қурбонов С.Р. ва муовини декан оид ба таълим Зуҳурова П.М. бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти таҳсилкунанда вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохурии навбатӣ масъалаҳои хатару таҳдиди терроризм ва ҷалбшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – интернетӣ фаъолият мебаранд, баррасӣ гардид. Ҳамзамон риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ ва истиқомат дар хобгоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд қайд намуд, ки масъулини тарбияи донишгоҳ масъалаҳои зикргардидаро дар ҳама суҳбату воҳӯриҳо мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Дар воқеъ равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки дорои хатарҳои ҷиддӣ ва афзоянда мебошанд, моро водор месозад, ки дар доираи нақшаи корӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ зери назорати ҳамешагӣ қарор бидиҳем.

Деканати факултети тиббӣ

Ҷ. З. Иргашева    Муовини декан оид ба донишҷӯёни

тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда        

                           


26.04.2019     79