Роғун тавлидкунандаи нур

Роғун тавлидкунандаи нур

    Санаи 15.11.18. дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми НОБ-и Роғун таҳти мавзӯъи «Президенти мо ифтихори мо ва Роғун тавлидкунандаи нур аст, ки Тоҷикистонро нурборон мекунад» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 3 ва 4-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

     Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мудири кафедра Ҷураева Н. С., оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин ду ҷашни бузург рӯзи Президент ва ба фаъолият шӯруъ намудани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд табрик намуда, донишҷӯёнро ба Ватандӯстию бунёдкорӣ ва аз худ кардани илмҳои замони худ даъват намуд. Инчунин масъули бахши тарбиявӣ дар кафедра, куратори гуруҳи 3 Шарифзода Ф.Ҷ. донишҷӯёнро бо ин ду ҷашни бузург Рӯзи Президент ва ба фаъолият шӯруъ намудани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки бо ҳам дар як санна яъне 16-уми ноябр рост омадаанд табрику муборакбод намуданд.

     Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 4-ум Ҷобирова Ҷамила бо маърузаи худ дар мавзӯи «Пешвои миллат роҳнамои мо» баромад намуд. Инчунин Зайнутддинова Азиза аз гуруҳи 4-ум маъруза дар мавзӯи «НБО-и Роғун иншооти бузурги аср» баромад намуда бо шеъри азхудкардаи худ бо номи бар Роғун мо нигар, ки ид омадааст, хотири ҳозиринро шод гардонид.

       Дар фароварди вохӯрӣ, иштирокчиёни семинар, донишҷӯён, доир ба мавзӯӣ Роғун тавлидкунандаи нур аст, ба маърӯзачиён саволҳо доданд ва ҷавобҳои саҳеҳ   гирифтанд.

 Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

 


26.11.2018 430

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php