Роғун-рамзи сарбаландии имрӯзу фардои миллати мост
Рӯзи 12.11. соли 2018 дар кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинӣ бахшида ба рӯзи ифтитоҳи агрегати якуми неругоҳи барқии обии «Роғун» бо сардории мудири кафедраи урология д.и.т, профессор Шамсиев Ҷ.А. гузаронида шуд.
Дар ин мизи мудаввар Шамсиев Ҷ.А. дар мавзӯи «НБО-и Роғун-меваи боғи истиқлолият!», ассистенти кафедра оид ба тарбия Салимов Х.Г. дар мавзӯи «Аҳамияти НБО-и Роғун» суханрони намуданд.
Дар охири чорабинӣ докторант PhD – и соли 2-юми кафедраи урология Усмонов Б.Н. дар мавзӯи «Роғун-рамзи сарбаландии имрӯзу фардои миллати мост!» баромад кард:
«Роғун – сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!»
Эмомалӣ Раҳмон
Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди аз ҳам пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт. Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиди барки худро ба хамсояхо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт.
Айни замон, баъди 18-соли соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ҳам ҳануз мушкилоти энергетикӣ дар Ватанамон ҳалталаб боқи мондааст. Ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даҳҳо неругоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО-и Сангтудаи-2 низ наметавонанд ин проблемаро ба пурраги аз байн баранд. Аз ин ру, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини Рогун аст.
Сохтани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳануз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Аммо парокандашавии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷанги дохилии Тоҷикистон имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба охир расад. Энергияи истеҳсолкардаи НБО-и Роғун на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медихад, ки як кисм неруи барқи истеҳсолшуда ба фуруш бароварда шавад.
Роғун ин манбаи нур аст, зеро он Тоҷикистонро ба ахтари ҳамешатобон табдил хохад дод.
Аз ту Роғун иқтидори миллат афзун мешавад, Точикистони азизи мо дигаргун мешавад.
Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони неругоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди куҳкан синаи куҳи Хороро мешикофад, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро Чароғистон мегардонад.
Дар муроҷиатноми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст.
"Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Точикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хохад гирифт."
Мардуми точик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёде ру ба ру мешуданд. Ҳоло бошад, ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст.
Баҳри чароғонии хар хонадон, коргоҳу муасисаҳои моро мебояд бо амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса гузорем. Зеро НБО-и Роғун натанҳо равшангарии рӯзгор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хоҳад буд.
Бунёди НБО-и Роғун армони миллати мост!
Нерӯи он фазояд, нерӯи қудрати мост.
Роғун калиди фатҳ аст, Роғун навиди фатҳ аст,
Боби наве кушояд дар рушди давлати мо.
Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони неругоҳи Роғун корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Мардуми мо дорои неруи бузургу иродаи тавоност ва ин неругоҳро месозад. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.
Ҳар касе, ки дар орзуи ободии диёр бошад, бояд дар таҷлили сазовори ифтитоҳи НБО-и Роғун, ки 16-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад саҳми худро гузорад.