Роғун - ояндаи дурахшони Тоҷикистон

Роғун  - ояндаи дурахшони Тоҷикистон

     Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз санаи 5-уми ноябри соли 2018 то 10-уми ноябри соли 2018 дарсҳои кушод оиди “Неругоҳи барқи Роғун-иншооти аср” бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ гузаронида шуд, ки ҳар як гуррӯҳ бо иштироки фаъоли худ маърӯзаҳои тайёр намудаашонро пешкаши устодон ва донишҷӯён намуданд.

Бунёди НБО-и Роғун армони миллати мост,

Неърӯи он фазоят, нерӯи қудрати мост.

 

      НБО-и “Роғун”- яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Тавре маълум аст аз соли 2009 корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО-и Роғун аз нав оғоз гардид. Ин заруриятро қарори Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди қатъ намудани интиқоли барқ ба вилояти Суғд боз ҳам метезонид.

Чунин як лоиҳаи бузурги энергетики дар Тоҷикистон ҳануз охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан Роғун ном гирифтаи ин нерӯгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.

                             

  Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,

Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.

 

       Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои оби аст, ки аз ин неъматҳои Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.

                           

   Эй ҳамватан, Роғуни худро бино кунем,

Бошад китоби маънии барҷаста во кунем.

То имтиҳони мо шавад аз буд ҳам қадим,

 Имӯз кохи Роғуни дилҳо бино кунем.

 

     Бо бунёди НБО-и РОғун Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқии Роғун 13,5млрд квт-ро ташкил медиҳад.

 

Роғун, Роғун чароғи сабзи ватан аст,

Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.

Бо заҳмати халқи мо шавад он бунёд,

Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст.

 

   Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ-обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ ва ҳамбастагиро ато фармуда. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷи, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид.

 

Роғун калиди фатҳ аст,

Роғун навиди фатҳ аст.

 

     Дар идомаи дарсҳои тарбиявӣ омӯзгорони кафедра   баромад карда, изҳор намуданд ба донишҷӯён, ки онҳо дар ҳаёт ва фаъолияти худ аз дастгириҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, неъматҳои табиат ва пешравҳои давлат истифода баранд ва онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд ва дар сатҳи умумиҷаҳонӣ бо ахлоқи намунавӣ, кор ва фаъолияти хуби худ давлати ҳуқуқбунёдӣ демократии ҷавони худро ба зинаҳои баланд бардоранд.

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


13.11.2018 5022

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php