Роғун – ояндаи дурахшони мост

     Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон бо як таваҷҷуҳи зиёд оғози аввалин нурафшонии нерӯгоҳи бузурги замона, баландтарин нерӯгоҳ дар ҷаҳон – Роғунро интизоранд. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки чи тавр ҳазорон коркунони ин маҷмаи бузурги ҳозиразамона бо тамоми ҳастии худ баҳри тезтар ба кор даромадани агрегати якуми неругоҳи барқӣ сайю талош доранд. Бояд фаромуш накард, ки то ба дастовардҳои имрӯза расидан чи гуна монеъаҳои калон дар пеш, оиди роҳ надодан ба ин сохтмон меистоданд. Аз ин рӯ каме ба таърих муроҷиат менамоем.

      Солҳои 70-уми асри ХХ роҳбарияти Иттиҳоди Ҷумҳурияҳои Совети Сотсиалистӣ (СССР) дар ҷаҳорчубаи инкишофи гӯшаю канорҳои иттиҳоди шӯравӣ мақоми ҶСС Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи нерӯи барқ муайян намуд, ки аслан ин беасос ҳам набуд, зеро 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ишғол карда, ба иртиботи ин тараққиёти соҳаи кишоварзӣ дар ин диёр маҳдуд ҳисоб меёфт. Тоҷикистон соҳиби ҳазорҳо дарёҳои хурду калон мебошад ва аз ҷиҳати захираи об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.

        Дар шӯрои илмию техникии Вазорати хоҷагии оби ИҶСС бо мувофиқаи ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон нақшаи истифодаи дастҷамъонаи дарёҳои Сир ва Ому тасдиқ шуда буд ва сипас ташреҳҳои ин нақшаҳо низ пешниҳод гардиданд. Дар онҳо миқдори ҷудо кардани об, инчунин мавқеи неругоҳ мушахассан дар кадом дарё ҷой гирифтани он, ҳаҷми обанбор, баландии сарбанд ва иқтидори неругоҳ дақиқ собит шуда буд. Ҳамин тавр, шӯрои техникии Вазорати хоҷагии оби ИДСС бо қарорҳои худ тибқи №413 аз 07.02.соли 1984 ва №566 аз 10.09. соли 1987, ҳамчунин Госплани ИҶСС тибқи қарори №563 соли 1987 бо иштироки намояндагони ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ “Тавзеҳоти нақшаи истифода ва ҳифзи дастҷамъонаи захираҳои обҳои ҳавзаи дарёи Сир ва “Тавзеҳоти нақшаи истифода ва ҳифзи дастҷамъонаи захираҳои обҳои ҳавзаи дарёи Ому”-ро тасдиқ намуданд. Ба ин қарорҳо квота барои об муайян карда шуд, ки ба давлатҳои ҳозираи поёноб манфиатбахшанд ва неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон вобаста гардида буданд.

        Баъд аз пошхӯрии ИҶСС ин асосҳои ҳуқуқӣ бо Муоҳадаи байни Осиёи Марказӣ “Дар бораи ҳамкорӣ оид ба соҳаи идоракунии якҷояи истифода ва ҳифзи захираҳои обҳои сарчашмаҳои байнидавлатӣ” 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаато ба имзо расида, тасдиқ шуда буд. Яке аз сабабҳои асосии ба ин муоҳада ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон нигоҳ доштани ҳуқуқ ба анҷоми сохтмони иншооти зикргардидаи ирригатсионию гидроэнергетикӣ мебошад. Боби 2-и ин муоҳада ҳуқуқи Тоҷикистонро дар бораи давом додан ва ба анҷом расонидани неругоҳи Роғун ва обанбори он бидуни мувофиқати иловагӣ нигоҳ медорад.

        Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶСС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶСС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶСС, №6 аз 27.02. соли 1974). Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи Роғун комилан собит кард (Се навъи дарғоти неругоҳи Роғун баррасӣ гардид), арзу тӯли асосии неругоҳ ва обанбор пазируфта шуд.

        Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт(протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12. соли 1978), моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶСС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06. соли 1979). Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶСС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶСС аз 16.10.соли 1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст.        Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд.

Сохтмони неругохи барки обии дар Осиёи Маркази калонтарин – Рогун соли 1978 сар шуда буд. Иқтидори лоихавии неругоҳи барқии обии (НБО) Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин неругох дар холати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат неруи барк хосил кунад.

Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Точикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амали нагардид. Точикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерӯгохро бо маблаги худ месозад. Бо хамин максад чамъияти сахомии кушодаи «Неругохи барки обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомони тасдик гардид. Соли 2009 хадди ин сармоя ба 6 млрд сомони расонида шуд.

Хукумати Точикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати баркии НБО Рогун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танхо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хохад шуд. Дар охири соли 2018 дар назар аст, се агрегати НБО Роғун ба истифода супорида шаванд, менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Маркази - СА-NEWS[1]

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулху Вахдати миллӣ,- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субх то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.

Инак дар таърихи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун ба кор медарояд, ки ин яке аз воқеъаҳои фаромушнашаванда дар таърих боқӣ хоҳад монд.


Кафедраи анатомияи патологӣ


07.11.2018 2984

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php