Роғун - манбаи нур
То ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО Роғун рӯзҳои башумор мондааст. Интизор меравад, ки якумин нерӯгоҳи НОБ-и Роғун 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шавад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун нерӯгоҳи муҳими Тоҷикистон мебошад, ки барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши асосӣ мебозад. Иқтидори Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 3,600 мегават хоҳад буд, ки барои сохтмони ин иншооти бузург 3,4 миллиард доллар зарур аст. Дар давоми як сол истеҳсоли нерӯи барқ 17 млрд. КВт мебошад. ҲСП "энергетикаи сабз" -ро эҷод мекунад, яъне нерӯи барқ тибқи талаботи муосири экологӣ истеҳсол мегардад.
Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон ба шиори рӯз табдил ёфта, ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад. Халқ бо дарки зарурияти Роғун, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишод медиҳад.
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагии худ дарак доданд.
Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд. Ҳамагї хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин аст, ки парчами номуси миллат фазои фароғати ҳар як сокини кишварро зиннат медиҳад.
Шиносоии бевоситаи Сарвари давлат аз раванди корҳои сохтмон ва мулоқоти судмандашон бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. Расидан ба ҳадафи давлат шиори сабзи девони миллат аст:
Роғун,Роғун чароғи сабзи ватан аст,
Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.
Бо заҳмати халқи мо шавад он бунёд,
Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст.
Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард.
Зимнан, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон соли 1976 шуруъ шуда буд, бинобар ин, нерӯгоҳи барқи обӣ аксар вақт лоиҳаи бузургтарини дарозмӯҳлат дар кишвар номида мешавад.
Тибқи лоиҳа, пас аз анҷоми сохтмони иншооти гидроэнергетикии НОБ-и Роғун он баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.
Зуҳра Турсунова, корманди шуъбаи иттилоот ва нашрия