Роғун манбаи адонашавандаи нур

Роғун манбаи адонашавандаи нур

          Дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба мавзӯи «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод»  бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои 1, 2-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

            Дар семинари мазкур  ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол  иштирок намуданд. Семинарро мудири  кафедра Ҷураева Н.С., оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии Роғун табрик намуда, донишҷӯёнро ба Ватандӯстию бунёдкорӣ, ва аз худ кардани илмҳои замони худ даъват намуд. Инчунин муаллими калони кафедра куратори гуруҳ Комилов И.Ш. донишҷӯёнро бо ин ҷашни бузург табрику муборакбод  намуданд.

            Баъд аз он донишҷӯи курси 2 гуруҳи 2-юм Нуров Ғолибҷон бо маърузаи худ дар мавзӯи «Роғун роҳ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ» баромад намуд. Фаррухи Шерзод гуруҳи 2-юм  маъруза дар мавзӯи «НБО-и Роғун иншооти ҳаётан муҳим»  баромад намуд. Ҳамчунин Саидова Ганҷина гуруҳи 2-юм бо шеъри азхудкардаи худ бо номи Роғун хотири ҳозиринро шод гардонид.

           Дар фароварди вохӯрӣ,  иштирокчиёни семинар, донишҷӯён, доир ба мавзӯӣ Роғуни нурофар, ба маърӯзачиён  саволҳо доданд ва ҷавобҳои  саҳех   гирифтанд.

 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

 ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


13.11.2018 510

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php