Роғун- иншооти бузурги аср
Имрӯз миллати тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср НБО-и Роғун машғул аст.
Бар Роғуни мо нигар, ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накӯст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.
Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Созандаи ноби Роғуни ҳамватан аст.
Ҳар як нидои ин мардуми накӯном бар дили ҳар як ватандори баору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони кӯчаки мо имрӯз иқтидори бино намудани як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда, ба бунёди ин иншоот камар намебастанд.
Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоати мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст.
Тоҷикони баору номус пайи ободии Ватани азизанд. Бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад.
Кохи нури Тоҷикистон Роғун аст,
Манбаи ганҷи фаровон Роғун аст.
Иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқ, на танҳо барои миллат нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато мекунад. Ин кохи нур, ҳамчун махзани гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан, кулли хӯшиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад.
Мо умед дорем, ки ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад.
Кафедраи фармакология