Роғун-иншооти ҳаётан муҳим
Дар кафедраи биохимия бахшида ба ифтитоҳи НБО-и Роғун, ки 16-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҷаласаи васеи кураторон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ дотсенти кафедра Гулов М.Қ ҳамаи ҳозиринро ба муносибати кушодашавии агрегати якуми НБО-и Роғун табрик намуда, қайд намуд, ки НБОи Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакати мо ба ҳисоб меравад. Каримов Анвар-донишҷӯи курси 2-юми факултаи тиббӣ гурӯҳи 42 дар мавзӯи «Таърихи сохтмони иншооти гидроэлектрикии Роғун» суханронӣ намуда, дар бораи марҳилаҳои сохтмони ин иншооти аср муфассал маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар давраҳои гуногуни сохтмони НБО-и Роғун нофаҳмиҳо ва камбудиҳои зиёде вуҷуд доштанд. Вале маҳз бо ҷаҳду талош ва хирадмандиву кордонии Пешвои миллат иҷозатнома барои идомаи сохтмони ин иншооти аср ба даст омад.
Сулаймонов Сулаймон-донишҷӯи курси 2-юми факултаи тиббӣ гурӯҳи 21 дар баромади худ дар мавзӯи «Роғун – иншооти бузурги аср», қайд кард, ки неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба хисоб меравад, зеро баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасои нерӯи барқ гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт. Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон нерӯи барзиёдди барқии худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Энергияи истеҳсолкардаи НБО-и Роғун на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медихад, ки як қисми нерӯи барқи истехсолшуда ба фурӯш барварда шавад. Роғун ин манбаи нур аст, зеро он Тоҷикистонро ба ахтари ҳамеша тобон табдил хохад дод.
Донишҷӯёни курси 2-юми факултаи тиббӣ Саидов Саидакрам аз гурӯҳи 28 ва Раҳимиён Бежан аз гурӯҳи 9 дар мавзӯъҳои «Дар бораи НБОи Роғун» ва «Роғуни бузург дар ибтидои аср» маърӯза карда аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯз Пешвои муаззами мо, натанҳо ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон балки ифтихори Тоҷикони ҷаҳон гардидааст. Маҳз заҳмати шабонарӯзиҳои он кас аст, ки имрӯз мо дар ватани худ тинҷу осоишта, бо созандагию ободкориҳо зиндагӣ дорем ва ба сохтмон ва ба истифодаи бахши аввали НОБ-и Роғун, ки имрӯз ҷаҳониён ба чашми ҳайрат ба он менигаранд, муваффақ гаштем.
Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Б.Б. Ҷумъаев қайд намуданд, мардуми тоҷик аз набудани барқи доими ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло бошад ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст. Баҳри чароғонии ҳар хонадон, коргоҳу муасисаҳои моро мебояд бо амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса гузорем.
Дотсенти кафедра Қурбонова М.С., устоди калони кафедра Носирҷонова Х.Р. дар баромади худ қайд намуданд, ки фардои дурахшони Тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони Неругоҳи Роғун корномои навбати ахои кишвар ва мактаби ваҳдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист.
М.С. Махсудова, мудири кафедраи биохимия, н.и.х., дотсент,
М.Қ. Гулов, муттасадии корҳои тарбиявии кафедраи биохимия, дотсент