Ривояте аз ҳунарҳои мардумӣ
Рӯзи 19-уми декабри соли ҷорӣ донишҷӯёни гурӯҳи 6 тиббӣ, курси I бо роҳбарии кураторашон Н.Б.Зуҳуров-муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ба манзури ошноӣ бо намунаи ҳунарҳои дастии сокинони аслию бумии Осиёи Миёна-тоҷикон аз осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С. Андреев диду боздид намуданд, ки иқдоми мазкур дар партави чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳарф ба амал омад.
Тавре ки аз тавзеҳоти Сурайёи Давлатмурод-корманди ҷавони ниҳоди мазкур маълум гашт, ҷамъоварии нахустин ашёи намоишӣ барои осорхонаи оянда тавассути як гурӯҳи хурд тобистони соли 1943 таҳти роҳбарии донишманди машҳур М.С. Андреев аз Бадахшон оғоз ёфта, гурӯҳи мазкур аз ин сафар тақрибан 143 адад экспонатро ба Сталинобод мерасонад. Баъдан коршиносони соҳа А.К. Писарчик, Н.Н. Ершов, Н.Н. Ершова, И.Муҳиддинов, О.М. Муродов, З.А. Широкова, М. Ҳомидҷонова, З. Юсуфбекова, А.С. Давидов, Р.М. Абдулвоҳидов, Н. Тошматов, С. Т. Исоева, Н.Р. Воситова, Н. Назарова, С. Маъруфова ва дигарон дар ин кор саҳм мегиранд. Алҳол дар захираи ин муассиса анқариб 12000 экспонат вуҷуд дорад, ки ба сарулибоси миллӣ, маснуоти ороишии занона, маҳсулоти кулолӣ, асбобу анҷомҳои корӣ, дастгоҳҳои наддофию ҳаллоҷӣ, намунае аз зарфҳои мисин, созҳои мусиқӣ, ҳунари кандакорӣ, ашёи вобаста ба оростани кадбонуи оянда пеш аз баргузории маҳфили арӯсӣ, маснуоти оҳангарӣ ва ғайра мансуб буда, ҳамагӣ аз гӯшаю канори ҷумҳурию манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба даст омадаанд. Ҳамчунин дар гӯшаи алоҳида бахшида ба занони машҳури ҷумҳурӣ намоиши аксҳоро созмон дода буданд, ки хеле ҷолибу диданӣ ба назар меомад ва мо аз ин намоишгоҳ низ таассуроти зиёд ҳосил намудем.
Лозим ба ёдоварист, ки қидмату собиқаи баъзе экспонатҳои осорхона ба қарни ІІІ мелодӣ бармегардад.
Донишҷӯёни гурӯҳ пас аз диду боздиди судманд хеле ба ваҷд омада, сипозгузории худро холисона аз масъулони ниҳоди мазкур иброз намуданд.
Г. Мирзоёрова-донишҷӯйи гурӯҳи 6 тиббӣ, курси I