Рӯзи Президент
15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид” тағирот ворид намуд, ки тибқи он 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати милли, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона дар санаи 1. 11. 2018с. дарси кушод оиди “Рӯзи Президент” бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳхои 15 ва 18-уми курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи гурӯҳи 15-ум Шарифов Сунатулло пурмазмун тайёр намуд.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллатӣ куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолатӣ, инсонӣ, бузургию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангии ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Ин давлати ҷавони Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомуш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар ҷумҳури амалӣ созад.
Бояд хотиррасон кард, ки 16-уми ноябри соли равон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати якуми нерӯгоҳи обии барқии “Роғун” иштирок мекунанд. Бо шарофати ин кишвари маҳбубамон соҳиби истиқлолияти энергетикӣ мегардад.
Дар идомаи дарси тарбиявӣ омӯзгорони кафедра баромад карда, изҳор намуданд ба донишҷӯён, ки онҳо дар ҳаёт ва фаъолияти худ, ахлоқ ва рафтори ҳамидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба худ пеша кунанд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона