Рӯзи муҳофизони ватани Украина
12-уми октябр дастаи «Шифо»-и донишгоҳ дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи муҳофизони Ватан»-и давлати Украина бо барномаи консертӣ баромад карданд. Аҳли маҷлис асосан аз мардуми украинзабон иборат буда, намояндагони сафоратҳонаҳои як қатор давлатҳои хориҷа низ иштирок доштанд. Дар консерт суруди «Тоҷикистон», «Колори» ва «Пидманула» ба забони украинӣ ва дигар суруду таронаҳо ба забони англисӣ дар иҷрои Шамсиддин Муродов, Фараҳноз Саидова ва Робия Ҳоҷиева пешкаши тамошобинон гардид.
Дар фарҷом Сафири фавқулодда ва мухтори давлати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В.О. Никитюк барои иштироки донишҷӯёни мо дар тантана ба роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг