Рӯзи Конститутсия
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона дар санаи 5. 11. Соли 2018 дарси кушод оиди “Рӯзи Конститутсия” бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳхои 3-юм, 32-юм ва 41-уми курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи гурӯҳи 41-ум Собирова Муниса пурмазмун тайёр намуд.
Конститутсия- ин сарқонуни давлат мебошад ва сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол менамояд. Расми дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию ичтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлат ва ҷамъият муқаррар шудааст.
“ Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саннади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”, -гуфтаанд Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Албатта дар таҳия ва омодасозии Конститутсии даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину муҳимтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботӣ Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ҳуқуқҳои инсонро поймол намоянд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошанд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона