Пленуми панҷуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон
11 -уми январ дар толори хурди КҶИККТ ва ҲИТ, Пленуми панҷуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори пленум раиси Федератсия, иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷ.Т. Камолзода М., сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Х.С. ва беш аз 60 нафар аъзои раёсат аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд. Кори пленум бо шунидани ҳисоботи солонаи Раиси КҶИККТ ва ҲИТ муҳтарам Раҷаб Улмасович ва якчанд аъзои дигари он оғоз гардид. Қайд намудан ба маврид аст, ки фаъолияти солонаи Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ Расулов С.Н., ва Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С. аз ҷониби раёсат ва иштирокчиёни ҷаласа мусбӣ арзёбӣ гардид. Инчунин яке аз масъалаҳои баррасишаванда дар кори пленум ин тасдиқи кумакупулии яквақтаина ба 90 нафар донишҷӯёни ятими кулли ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳаҷми 300 сомонӣ ба ҳар як нафар буд, ки якдилона аз ҷониби раёсат ва аъзои он тасдиқ ва дастгирӣ ёфт. Дар охир ба якчанд аъзои фаъоли раёсати ҷаласа барои фаъолияти пурсамарашон дар пешбурди ҳаракати иттифоқҳои касаба ва иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти муассисаашон ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва кормандон