Пешравиҳои Тоҷикистон хоби мухолифонро паррондааст

Ба наздикӣ дар сомонаҳои хусусии мухолифини давлат Баёнияи гирдиҳамоии тоҷикон дар назди Бундестаг (парлумони Ҷумҳурии федеролии Олмон) ба нашр расид. Аз мазмуни он бармеояд, ки як гурӯх «паноҳандагони тоҷик» дар назди Бундестаг митинг доир намуда, талабҳои худро зимни он ба Парлумони Ҷумҳурии федеролии Олмон пешниҳод намудаанд.

Дар он чун пешина дар баробари сиёҳкунии сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз Порлумони Олмон хоҳиш кардаанд, ки кумакҳи молиявӣ ва хайриявии худро ба Тоҷикистон қатъ намоянд. Аз мутолиаи баёния як чиз маълум мегардад: роҳбарони гурезаи ҲТЭ-и наҳзат, ки аз тарси ҷазо барои кирдорҳои хеш мамолики гуногуни хориҷаро «ватани нави хеш» қабул намудаанд, бо ҳар роҳ мекӯшанд, ки сади роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол гарданд. Ба кор даромадани чархаи якуми НОБ-и Роғун бешак хоби онҳоро паррондааст. Онҳо пай бурдаанд, ки дигар барои рушду нумӯи ояндаи Тоҷикистон роҳи васеъ кушода гашт ва ин пешравиҳо аз иқдомҳои устувори роҳбарияти олии мамлакати мо дар роҳи беҳтарсозии дараҷаи некӯаҳволии мардуми кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Мухолифони давлат бошанд, дар либоси паноҳандагӣ гуноҳҳои худу пайравонашонро пардапӯш намуда, як навъ карда худро боз ба боварии мардум дароварданӣ мешаванд. Вале чуноне ки мегӯянд «Офтобро бо доман пӯшонда намешавад».

Онҳо паноҳанда не, балки ҷинояткоронеанд, ки аз кардаҳои худ, тарсида дар мулкҳои бегона макони зист ёфтаанд. Ҷиноятҳои содирнамудаашон на танҳо дар дохил, балки берун аз кишвар низ фош гашта, обрӯ ва мақому манзалати онҳоро ба хоки сияҳ баробар кард. Обрӯ бошад, молу колое нест, ки онро боз аз бозор бихаранд ва чун аз даст рафт, дигарбора барнамегардад. Садои ҳаёҳӯй ва дарднолии наҳзатиён нолиши гурги гуруснаеро мемонад, ки аз шикоргоҳи худ дур монда, пайи дарёфти рисқу рӯзӣ худро ба ҳар сӯ мезанад.

Шукр, ки имрӯз фазои кишвари мо тенҷу осуда ва зиндагии мардуми он рӯз аз рӯз рӯ ба беҳӣ меорад. Ҳар рӯз мо шоҳиди ба истифода дода шудани даҳҳо корхонаю муассисаҳо, таъмиру кушодашавии роҳу пулҳо ва ба нақшадарории сохтмону ободкориҳои нав ба нав мегардем, ки ҳамаи ин умеду боварии шаҳрвандони мамлакатро ба ояндаи накӯ қавитар мегардонад. Мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари ғамхору хирадманди хешро пайдо намуда, тибқи дастуру нишондодҳои ин абармарди таърих имрӯз корномаи созандагии хешро бо ҳарфҳои зарин сабт менамояд ва дигар ба ҳеҷ ваъдабозу насиҳатгари беруна эҳтиёҷ надорад.


М.Мазиёев , сармуҳаррир нашрияи "Ворисони Сино"


12.01.2019 521

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php