Паёми Сарвари давлат – раҳнамои мо
Дар ҷаласаи назди муовинати хоҷагӣ - маъмурӣ санаи 21.01. соли 2019 оиди масъалаҳои муҳиму мубрами рӯз, ки дар паёми пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 26.12.соли 2018 дарҷ гардида буд, бо кормандон ва шахсони масъули донишгоҳ баррасӣ карда шуданд.
Ҳамзамон комендантҳои бинои асосӣ, бинои нави таълимӣ, бинои нави таълимии "Шифобахш", ва кормандони матбааи донишгоҳ, маркази технолгияи иттилоотӣ, хобгоҳи №1, хобгоҳи №2, хобгоҳи №3, хобгоҳи №4, хобгоҳи №5, хобгоҳи №6 ва хобгоҳи №7 - и донишгоҳро аз рӯи масъулияти ба зима доштаашон вазифадор карда шуда буданд, ки ҳама дар ҳамоҳангӣ бо кормандону донишҷӯёни донишгоҳ давоми моҳи январи соли 2019 ҷаласа гузаронида, дар бораи паҳлӯҳои асосии паёми пешвои миллат аз соли 2018 барои соли 2019 Ҳукумати мамлакат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, рушди сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ба талаботи муосир ва хизматрасони баланд барои некуаҳолии мардум дар деҳа ва маҳалаҳои аҳолинишин нигаронида шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сӯҳбату машваратҳо гузаронда дар ниҳоят маълум гардид, ки ҳама он нишасту машварат натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, шаҳодат ва гувоҳӣ ин гуфтаҳост, ки ҳама бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ гуфтаҳои дар боло баён гардида ва сиёсати пешгирифтаи сарвари мамлактро, бо дасту дили гарм баҳри ободони ватани азизамон Тоҷикистон дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба роҳ монда, амалӣ карда истодаанд.
Т.З. Хокироев, Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагию маъмурӣ