Паёми Президент – роҳ ба сӯйи фардои дурахшон
Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ манзур мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳимми дохил ва хориҷи кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Паёми навбатии Пешвои миллат низ аз тарафи сокинони ҷумҳурӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ истиқбол гардид. Устодон ва донишҷӯёни кафедраи эндокринологияи ДТТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ онро хуш пазируфтанд.
Дар Паёми Пешвои миллат нуктаҳои ҷолиб зиёд буданд. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки зикр гардид, ин ҳодисаи фараҳбахш ва таърихии ҳаёти кишвар, яъне ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми НБО-и Роғун буд. Дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин ҳодиса бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт, зеро он барои ба истиқлолияти энергетикӣ расидани кишварамон мусоидат менамояд. Воқеаи дигари хотирмон, ки дар соли 2018 ба амал омад, ин барқарор шудани муносибатҳои нек ва ҳамсоягарии ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Инчунин қайд карда шуд, ки дар Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои гуногун корҳои ободонӣ афзӯда, симои шаҳру деҳоти кишварамон хеле тағйир ёфт. Бо мақсади тақвият додани корҳои ин соҳа солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Албатта, дар натиҷаи чунин пешниҳоди хирадмандона ва корҳои созандагӣ Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зебо мегардад.
Пешвои миллат хусусан ба масъалаи мактабу маориф, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, омӯхтани забонҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ аз тарафи ҷавонон диққати асосӣ зоҳир намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари дурнамои дурахшони Тоҷикистон буда, ба ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯсти кишвар дастури муфид мебошад, инчунин моро водор менамояд, ки фаъолияти худро самарабахш ба роҳ монда, баҳри пойдории сулҳу осоиши кишвар, баланд бардоштани ахлоқи маънавии ҷомеа саҳмгузор бошем.
Н.Ф. Ниёзова, мудири кафедраи эндокринология, номзади илмҳои тиб, дотсент