Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – баёнгари соҳибдавлатии мардуми куҳанбунёди тоҷик
Парчам ифодагари ватандорӣ ва нишон аз соҳибистиқлолии миллат мебошад.Вақеан давлати ягона ва парчами озод доштан ин орзую ормонҳои ба хок бурдаи мардуми сарсупурдаи тоҷик мебошад.
Ранги сабзи ту нууми кишвар аст,
Хони мо пур ганҷу пур аз гавҳар аст.
Тоҷ бар сар ҳафт ахтар дар само,
Ҳар яке бошанд истораҳои раҳнамо.
Парчами ҶТ 24-и ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Шакл ва андозаи парчами миллии Тоҷикистон бар асоси Низомнома,дар бораи парчами давлатии ҶТ,ки 11-и декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси ОлииҶТ тасдиқ шудааст.
Парчами ҶТ матоъи росткунҷаест,ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқаи ҷой гирифта,кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта,паҳноии он ба рахи сабзи поён баробар мебошад: рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.Дар рӯи рахи сафед,аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зархал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст,ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳноии рахи сафед аст.Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15акс ёфта,дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.Тоҷи баландиаш 0,55аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад.
Чор унсури камоншакл,ки болои тоҷро ташкил медиҳанд,дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.Андозаи парчами ҶТ 1:2 аст.
Парчами Тоҷикистон се ранг карда дар бар,
Дар рӯи он шукуфта гулҳои ҳафт ахта.
Сурхи бувад нишоне аз азму ҷоннисорӣ,
Ранги сафед рамзест зи иқбол бахтёрӣ.
Дар раги сабз дарҷ аст сарбозони кишвар,
Бояд,ки сабз бошад ин хоки мо саросар.
Кафедраи микробиология,иммунология ва вирусология