ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

Парчами давлатӣ  ин рамзи соҳибихтиёрии давлат мебошад. Тасвири байрақ ба воситаи қонун муқаррар карда мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 -уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Сессияи 16- уми тақдирсози миллат қабул карда шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст ва дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он 7 ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Ҳар як ранг дар парчами давлатии Тоҷикистон  ҷаҳони маънӣ ва ҳар як ситора асрореро дар бар мегирад. Чуноне, ки маълум аст, рахи болоии парчам, ки ранги сурх дорад- маънои мубориза ва ҷоннисории мардуми тоҷик дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед -бахту иқболи сафед, нияти неки мардум, покизагӣ ва ранги сабз -  саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мебошад, ифода мекунанд.

Тоҷи заррин дар байни парчам ҷойгирифта ин нишони соҳибдавлатӣ ва мустақилият, 7 ситора - 7 рӯз, 7 фалак ва 7 андоми инсон мебошад. Ҳафт ситора - 7 вилояти таърихӣ - фарҳангии Тоҷикистон, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлону Бадахшон мебошад.

Бо чунин мақсад  ва таҷлил аз Рӯзи Парчами миллӣ санаи 23.11.2020 дар Муассисаи таълимии шаҳраки “Шифобахш”- и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии маърифатӣ - сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ оғоз гардида, сипас мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, профессор Саидов А.С дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии он” ва мудири шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В дар мавзӯи “Аҳамияти Парчами Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” баромад намуданд. Қироати шеърҳо дар васфи Парчами давлатӣ ва оро ёфтани макони баргузории чорабинӣ бо парчаму овезаҳо ба маърака ҳусну таровати  идона  замм менамуд.

Шуъбаи тарбия 


24.11.2020 5296

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php