Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон

Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон

    Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи маллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.

     Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳноии он бо рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди  мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.

     Ранги сурх - мубориза  ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.

     Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва наркология санаи 23 ноябри соли 2018 бо донишҷӯёни курси 5 факултаи тиббӣ, гуруҳҳои 55-59 соати итилоотӣ - тарбиявӣ аз тарафи ассистентони кафедра Маҳмадназаров Ш. С. ва Ғуломов Ш. М. дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон” гузаронида шуд. 

 

Кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов 



26.11.2018 7363

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php