Озмуни Ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”
Муродова Зевар донишҷӯи курси 4 факултети тиббӣ ғолиби даври аввали озмуни Ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, ки ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда буд, дар давраи ҷамъбастиаш иштирок намуд. Озмуни ҷамъбастӣ 14 декабри соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Муродова Зевар ҳунарҳои дастии худро ба мисоли расмкашӣ, ороиши меъмории кӯза, бофтан, мӯҳрачинӣ, парпечи кӯдак, алласароӣ ва тайёр намудани хӯриши бо номи “Тани сиҳат”-ро пешкаш намуд. Аз тарафи донишгоҳ 20 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли шӯъбаи бонувон низ иштирок намуда, Муродова Зеварро дастгирӣ карданд.
Шӯрои бонувон