Озмуни ноњиявии «Дастархонорої»
Санаи 7 феврали соли 2020 Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Исмоили Сомонї љињати иљрои амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 13 декабри соли 2018 № АП – 1140 дар тарабхонаи «Марљона» озмуни ноњиявии «Дастархонорої»-ро баргузор намуд.
Аз Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абӯалї ибни Сино дар озмун як гурӯњ духтарони факултети фармасевтї иштирок намуданд. Дар озмун ороиши «Дастархон» бо фарњанги ба худ хос, бо тарзи љобаљогузории зарфњо дар дастархон, бо истифодаи мањсулоти ватанї, пешнињоди ду намуди хӯроки миллї, хӯришњо аз сабзавоту мевањои ватанї, шарбатњои табиї ба назар гирифта шуда буданд.
Донишљӯдухтари курси 2 факултети тиббї Отабекова Моњнура бо забони давлатї ва риояи сару либоси миллї «Дастархон»-ро муаррифї намуда, соњиби сипосномаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Исиоили Сомонї гардид. Њамагон бо тӯњфањои хотиравї ќадрдонї шуданд.
Муовинати тарбия
Шӯрои бонувон
12.02.2020
613