Ҷоми ректор дар соли 2019 насиби кадом даста гардид?

Ҷоми ректор дар соли 2019 насиби кадом даста гардид?

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,   80-солагии Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҳафтаи ҷавонон аз рӯзи 20-уми апрел то 4-уми майи соли 2019 дар майдончаи варзишии донишгоҳ аз ҷониби кафедраи тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаи анъанавии «Ҷоми ректор»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба футбол гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 16-даста аз ҳамаи факултетҳо  ва бахшҳои аспирантура ва ординатураи донишгоҳ иштирок карданд.

Дар мусобиқаи мазкур ҷойи 1-ум ба дастаи ординаторон ва интернаҳо, ҷойи 2-юм ба дастаи донишҷӯёни бахши 3-юми факултети тиббӣ, ҷойи 3-юм ба дастаи донишҷӯёни бахши 6-уми факултети тиббӣ ва ҷойи 4-ум насиби дастаи факултети стомотологӣ гардид.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур бисёр шавқовар ва пурҷаззоб баргузор гардид. Дар мусобиқа ҳамаи дастаҳо бо тайёрии хуби ҷисмонӣ иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҳафтаи  ҷавонон супорида мешавад.

Д.И. Аслонов, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ   


10.05.2019     38