Ғолибияти устодони донишгоҳ дар мусобиқаҳоии ҷумҳуриявӣ

Ғолибияти устодони донишгоҳ дар мусобиқаҳоии ҷумҳуриявӣ

Тибқи нақшаи кории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз санаи 10 то 17-уми ноябри соли ҷорӣ мусобиқаи шоҳмот ва шашка байни кормандони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи соҳа ва дастгоҳи Федератсия баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи шоҳмотбозон ва шашкабозони донишгоҳ дар ҳайати 5 нафар кормандон иштирок вазиданд, ки муаллими калони кафедраи тибби ҳарбӣ Мўсоев Насим сазовори ҷойи аввал дар шоҳмот ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Аслонов Далер сазовори ҷойи дуюм дар шашка гаштанд. Аз тарафи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ғолибон бо медал, диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ


21.11.2018 389

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php