Аксияи таблиғотию фаҳмондадиҳӣ зери унвони «Солимии ҷавонон-солимии миллат» дар Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон
Шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино» бо мақсади пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ тибқи Нақша-чорабиниҳои худ ва иттифоқи донишҷуёни донишгоҳ санаи 18- уми декабри соли 2019 соати 1200 оид ба «Мубориза бар зиддӣ ВНМО/БПНМ» дар саҳни Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон бо шаҳрвандон ва донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи славяни зери шиори «Солимии ҷавонон-солимии миллат» аксияи солимгардонию фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.
Дар доираи аксияи мазкур волонтиёрони Шуъбаи кор бо ҷавонон бо шаҳрвандон ва донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода доир ба ин вабои аср ВНМО/БПНМ, сироятёби ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгири аз сироятшави иттилоъ дода, ҳамчунин дастурамалҳои иттилооти оид ба ин вабои аср тақсим карда шуд, ки он ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум ё худ ҷавонон оиди ВНМО/БПНМ ва паст намудани сироятшавӣ роли муҳимро бозида тамоми табақаи ҷомеаро аз ин вабои аср ҳушдор менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар аксияи мазкур волонтиёрони Шуъбаи кор бо ҷавонон бо ҳамроҳии мудири Шуъба иштирок намуда, дар толори ғунҷоишаш 200 нафараи Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон доир ба бемориҳои сироятӣ ВНМО/БПНМ, сироятёби ва оқибатҳои он, конфронсияи таблиғотию фаҳмондадиҳи баргузор намуданд, ки аз тарафи ҷавонону донишҷӯён донишгоҳи болозикр хело хуб пазируфта шуд.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.
19.12.2019
683