Одоби аёдати бемор ва риояи муоширати тиббӣ

Одоби аёдати бемор ва риояи муоширати тиббӣ

Чанде пеш дар кафедраи Физиологяи патологӣ маҳфили илмӣ-назариявӣ бо иштироки мудири кафедра дотсент Тоштемирова З.М., муаллимон Хоҷаева М.Х., Бобоев У.Қ., Ҳамзаев А.А. ва Шукуров Ф.А., инчунин донишҷӯёни курси сеюми факултаи тиббӣ дар мавзӯи «Одоби аёдати бемор ва риояи муоширати тиббӣ» баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани мудири кафедра, н.и.т., дотсент Тоштемирова З.М. ифтитоҳ гардид. Дар суханронии худ мудири кафедра оид ба одоби аёдати бемор ва риояи муоширати тиббӣ бо донишҷӯён суҳбат гузаронид.

Пас аз он аз ҷониби донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 58 Илёсова Марҷона маъруза дар мавзӯи «Одоби аёдати бемор ва риояи муоширати тиббӣ» пешниҳод карда шуд. Дар маъруза дар бораи қоидаҳои умумии рафтори табибон ва беморон, инчунин муносибати табибон бо беморон ва хешовандони беморон, одоби аёдати беморон қайд карда шуд.

Кафедраи физиологияи патологӣ

 


31.12.2018 2125

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php