НОБ “Роғун” –нангу номуси миллат

  Давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон оҳиста-оҳиста таҳти сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилотщои иқтисодию иҷтимоиро паси сар намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор ниҳода истодааст. Давлату  ҳукумати мамалакат ба се ҳадафе, ки барои зиндагии шоистаи мардум пеш гузошта буд, наздик шуда истодааст ё аниқтараш аксарияти онҳо амалӣ намуда, бо бунёди як қатор роҳҳо дар ҳуҳуди ҷумҳурӣ то андозае тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ аллакай худро рахо намояд. Ҳадафи охирини ҳукумати кишвар ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аст, ки он ҳам дар арафаи анҷомёбист.  Ҷумхурии Тоҷикистон баъди ба кор даромадани азимтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна-Неругоҳи барқӣ- обии Роғун ки самараи нек ба бор  меоварад, метавонад боз ҳам нангу номуси баланди тоҷикона бунёдкориҳои миллати бостонии тоҷикро муаррифӣ менамояд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ чарха ё худ агрегати ин неругоҳ ба кор медарояд ва ба хонаи хар як тоҷикистонӣ равшани ворид мегардад. Чун ин неругоҳ бо баландтарин сарбанд, он ҳам бо сарбанди табиии гилин, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад дар ҷаҳон беҳамто буда, пурра ба кор медарояд. Ҳазорхо ҷойи нави корӣ муҳаё хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама Неругоҳи барқ-и обии Роғун энергияи сабз истеҳсол мекунад, ки ба табиату иқлим ҳеҷ зараре ворид намесозад. Исботи масъалаи мазкурро санҷишҳои чандинкаратаи институтҳои молиявии хоричӣ маълуми ҷаҳониён намудаанд.

   Охирон нуқтаро бе шаку шубҳа баъд аз азназаргузаронии чандинсола бонки чахонӣ гузошт. Неругоҳи барқии обии Роғун дар солҳои хушксолӣ тавассути обанбораш обро танзим менамояд, ки барои кишварҳои поёноб хеле муфид мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон ироа доштанд, ки Тоҷикистон ягон ҳамсояро беоб намегузорад. Чихеле, ки дар боло зикр кардем Неругоҳи барқӣ- обии Роғун яке аз бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна буда, манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон балки ба дигар давлатҳои хамсарҳаду ҳамсоя мерасад. Ин неругоҳ ифтихори миллати точик мебошад, ки дар тӯли солҳои истиқлолият сохта шуда имрӯзхо ба истифода дода мешавад. Дар ҳолати қарор доштани неругоҳ дар вақти истифодабарӣ албатта миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ баромада, зиндагиашон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Ҳақ бар ҷониби шоири ширинкалом ки фармудаанд:

Пешвои миллат моро тавони дигар аст,

Халқи тоҷикро аз ӯ руҳу равони дигар аст.

Нури Роғун офтоби чархи гардун чун шавад,

Сарзамини Тоҷикистонро амони дигар аст.

   Ҷумхурии Тоҷикистон, ки дар байни қаторкӯҳҳои сар ба фалак кашида маскан гузидааст, чашмаҳои поки бениҳоят зиёдро дорост, ки сарчашмаи неругоҳҳои хурду бузург мебошад. Табиати биҳиштосои кишварро шоир чунин ба қалам додааст:

Ҳаёт аз оби ноби ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи боми ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр,

Зи файзи пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

            

    Баракати ҳамин дороии табиати нотакрориТоҷикистон аст, ки аз бисёр ҷиҳатҳо аз ҷумла саноат, иқтисодиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои иҷтимоиёти кишвар рушду нумӯъ ёфта дар ободони, созандагӣ, бунёдкорӣ, гулгулшукуфӣ ва тараққиёти кишвар нақши муҳим мебозанд. Бояд гуфт, ки ин сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми кишварҳои пешрафта ва бонки умумиҷаҳонӣ дастгири менамоянд.

Насрини Додихудо, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ (гурӯҳи 18)


08.11.2018 525

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php