НОБ-и Роғун - корзори воқеии нангу номуси мардуми тоҷик
Рӯзи 19-уми ноябри соли 2018 дар кафедраи офталмологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оиди кушодашавии агрегати якуми НОБ-и Роғун бо иштироки интернҳову ординаторони клиникаи беморҳои чашм ва донишҷӯёни курси 5-уми факултаи педиатрӣ маҳфили тарбиявӣ-ахлоқи баргузор гардид. Мудири кафедра Махмадов Ш. К. оиди таърих, ахамияти иқтисодӣ, мухимияти ин иншооти бузург суханронӣ намуд:
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти хаётан мухими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт.
Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон нерӯи барзиёди барқи худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Айни замон, баъди 27-соли соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ҳам ҳанӯз мушкилоти энергетикӣ дар Ватанамон ҳалталаб боқӣ мондааст. Ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО-и Сангтудаи-2 низ наметавонанд ин проблемаро ба пуррагӣ аз байн баранд. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини Роғун аст.
Энергияи истеҳсолкардаи НБО-и Роғун на танҳо ҷумҳуриамонро аз бӯҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медиҳад, ки як қисм нерӯи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Роғун ин манбаи нур аст, зеро он Тоҷикистонро ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.
Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерӯгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари бисту хафтсолаест, ки ба мисли Фарҳоди кӯҳкан синаи куҳи Хороро мешикофад, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро мебанданд, кишвари худ ва минтақаро Чароғистон мегардонанд.
Дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст:
“Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”.
Мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёди рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло бошад, ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст. Баҳри чароғонии хар хонадон, коргоҳу муасиссаҳои моро мебояд бо амри дили виҷдон дар ин кори хайр ҳиссагузор бошанд. Зеро НБО-и Роғун натанҳо равшангари рузғор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хоҳад буд.
Ташаббусҳои созанда, иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номус, ватандӯст бобати саҳмгирӣ дар бунди нерӯгоҳ имрӯз ба натиҷаҳои дилҳоҳ боис шуда истодааст. Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Мардуми мо дорои нерӯи бузургу иродаи тавоност ва ин нерӯгоҳро месозад. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад. Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат аст. Он хамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кушиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориву мамониагхоро бо захмати бузурги худ паси сар намояд.
Кафедраи офталмология