Никоҳи хешутаборӣ миллатро ба нобудӣ мебарад

Никоҳи хешутаборӣ миллатро ба нобудӣ мебарад

         Солимӣ барои тамоми амалиётҳо дар соҳаи беҳтарсозии вазъияти иқтисодӣ ва инкишофи инсон шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, рушди тарзи ҳаёти солим омили муҳимтарини рушди устувор, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар Тоҷикистон тақрибан 25 500 кӯдаку навраси маъюб аст, ки 35 фисади он аз ҷуфтҳои ба ҳам хеш ба дунё омадаанд. Аз рўйи тањлилњои табибон 40 фисади кӯдакони то яксола ва аз ҷумла кӯдакони маъюбе, ки дар Тоҷикистон яксола нашуда мефавтанд, аз модароне ба дунё омадаанд, ки бо писари хола, амма ва ё ягон хеши дигари ҳамхуни худ издивоҷ кардаанд.

         Бинобар ин, бо ташабуси доктори илмҳои тиб, профессор Шаропова Н.М., мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов, ассистентони кафедра Маҳмадназаров Ш. С. ва Қодирова З. Д. бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 7-12-и курси 5-уми факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рўзи 19-уми октябр дар мавзӯи “Никоҳи хешутаборӣ миллатро ба нобудӣ мебарад” дарси кушоди ғоявӣ -тарбиявӣ гузарониданд.

Зимни сӯҳбат арз гардид, ки мувофиқи Моддаи 14-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зерин монеаи ақди никоҳ мегарданд:

- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);

- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);

– байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар; 

– байни тағо ва ҷиян, амак ва хоҳарзода, хола ва бародарзода, амма ва ҷиян;

– байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;

– байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд;

-         байни фарзандхондагон ва фарзандхондашудагон;


Кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов


25.10.2018 507

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php