Нидои қарнҳо
Тоҷикон қадимтарин сокинони ориёитабори Осиёи Миёна буда, дар таърих ва тамаддуни умумибашарӣ нақши арзанда гузоштаанд. Дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо ба сари ин мардум чи бадбахтиҳое наомада буд, вале миллати бостонии тоҷик тавонист фарҳанги пурғановати хешро аз гармию сардиҳои таърихӣ эъмин нигоҳ дошта онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад.
Ба ҳамин хотир ба истиқболи ҷашни аҷдодии тоҷикон – ҷашни Меҳргон санаи 13.10.2020 дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи тарбия чорабинии маърифатию тарбиявӣ доир карда шуд. Дар чорабинӣ омӯзгорони кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент Муродов С.С ва муаллимаи кафедра Сафарова М.Ҷ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Дар навбати худ донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ дар васфи ин ҷашни аҷдодӣ шеърҳоро қироат карда, дар атрофи таърихи ин ҷашнӣ бостонӣ маърӯзаҳо намуданд. Намоиши дастранҷи деҳқонони кишвар ба чорабинӣ таровати тоза илова намуд.
Чорабиниро сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В ҷамъбаст намуда ба иштирокдорони он аз номи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи тарбия