НБО Роғун – нангу номуси миллат

    Давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон оҳиста-оҳиста таҳти сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилотҳои иқтисодию иҷтимоиро паси сар намуда, ба сӯйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор ниҳода истодааст. Давлату ҳукумати мамалакат ба се ҳадафе, ки барои зиндагии шоистаи мардум пеш гузошта буд, наздик шуда истодааст ё аниқтараш аксарияти онҳоро амалӣ намуда, бо бунёди як қатор роҳҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ то андозае тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ худро раҳо намояд. Ҳадафи охирини ҳукумати кишвар ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аст, ки он ҳам дар арафаи анҷомёбист. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба кор даромадани азимтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Миёна – НБО Роғун, ки самараи нек ба бор меоварад, метавонад боз ҳам нангу номуси баланди тоҷикона бунёдкориҳои миллати бостонии тоҷикро муаррифӣ менамояд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ чарха ё худ агрегати ин неругоҳ ба кор медарояд ва ба хонаи хар як тоҷикистонӣ равшанӣ ворид мегардад. Чун ин нерӯгоҳ бо баландтарин сарбанд, он ҳам бо сарбанди табиии гилин, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад дар ҷаҳон беҳамто буда, пурра ба кор медарояд. Ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳаё хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама НБО Роғун энергияи сабз истеҳсол мекунад, ки ба табиату иқлим ҳеҷ зараре ворид намесозад. Исботи масъалаи мазкурро санҷишҳои чандинкаратаи институтҳои молиявии хориҷӣ маълуми ҷаҳониён намудаанд.

   Охирон нуктаро бе шаку шубҳа баъди азназаргузаронии чандинсола бонки ҷаҳонӣ гузошт. НБО Роғун дар солҳои хушксолӣ тавассути обанбораш обро танзим менамояд, ки барои кишварҳои поёноб хеле муфид мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон ироа доштанд, ки Тоҷикистон ягон ҳамсояро беоб намегузорад. Чигунае, ки дар боло зикр кардем НБО Роғун яке аз бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, манфиати он на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои хамсарҳаду ҳамсоя мерасад. Ин нерӯгоҳ ифтихори миллати точик мебошад, ки дар тӯли солҳои истиқлолият сохта шуда, имрӯзҳо ба истифода дода мешавад. Ќарор доштани нерӯгоҳ дар ҳолати истифодабарӣ, албатта миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ баромада, зиндагиашон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Ҳақ бар ҷониби шоири ширинкалом, ки фармудаанд:

 

Пешвои миллат моро тавони дигар аст,

Халқи тоҷикро аз ӯ рӯҳу равони дигар аст.

Нӯри Роғун офтоби чархи гардун чун шавад,

Сарзамини Тоҷикистонро амони дигар аст.

 

     Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар байни қаторкӯҳҳои сар ба фалак кашида маскан гузидааст, чашмаҳои поки бениҳоят зиёдро дорост, ки сарчашмаи нерӯгоҳҳои хурду бузург мебошад. Табиати биҳиштосои кишварро шоир чунин ба қалам додааст:

Ҳаёт аз оби ноби ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи Боми ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр,

Зи файзи Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

            

    Баракати ҳамин дороии табиати нотакрориТоҷикистон аст, ки аз бисёр ҷиҳатҳо, аз ҷумла саноат, иқтисодиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои иҷтимоиёти кишвар рушду нумуъ ёфта, дар ободонӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, гулгулшукуфӣ ва тараққиёти кишвар нақши муҳим мебозанд. Бояд гуфт, ки ин сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми кишварҳои пешрафта ва бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ менамоянд.

  Насрини Додихудо,

донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 18


25.10.2018 456

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php