НБО Роғун – муҳташамтарин иншооти энергетикии ҷумҳуриҳои Осиёи миёна
Дар кафедраи стоматологияи ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзи 31.10. 2018 бо иштироки кормандони кафедра, директори МТК «Стоматология» ва донишҷӯёни курсҳои 4-5 –уми факултети стоматологӣ маҷлис дар мавзӯи «Роғуни бузург» баргузор гашт.
Маҷлисро мудири кафедра дотсент Зарипов А.Р. ифтитоҳ намуда, оиди мавзӯи «НБО Роғун – мӯҳташамтарин иншооти энергетикии ҷумҳуриҳои Осиёи миёна» ибрози ақида намуд. Аз ҷумла ӯ қайд намуд:
Ҳозирини гиромӣ! Неругоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи тайёрии сохтмони неругоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии садди он 335 м хоҳад шуд, ки он дар замони ҳозира дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин садди маснӯӣ маҳсуб мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбори неругоҳ 13,3 млрд. мукааб буда иқтидори он 3600 МвТ, иборат аз 6 адад чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МвТ мебошад.
Солҳои 70-уми қарни ХХ роҳбарияти ИҶШС дар чаҳорчубаи инкишофи гӯшаю канорҳои иттиҳоди шӯравӣ мақоми ҶШС То- ҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқ муайян намуд, ки аслан ин беасос ҳам набуд, зеро 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ишғол карда, ба иртиботи ин тараққиёти соҳаи кишоварзӣ дар ин диёр маҳдуд ҳисоб меёфт. Дар кишвар дарёҳои хурду калон зиёданд ва аз бобати захираҳои гидроэнергетики Тоҷикистон яке аз ғанитарин давлатҳои олам ҳисоб меёбад. Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶШС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. соли 1974). Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи Роғун комилан собит кард (Се навъи дарғоти неругоҳи Роғун баррасӣ гардид), арзу тӯли асосии неругоҳ ва обанбор пазируфта шуд.
Ҳамкасбони азиз! Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт(протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12. соли 1978), моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06. соли 1979). Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.соли 1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст (дастури №2411-р аз 27.11. соли 1980) дар арзу тӯли қабулгардида.
Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд.
Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи неругоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид.
Барои таъмини эътимоднокӣ ва устувории олӣ бо ҳисобгирии самаранокии иқтисодии ин иншооти нодир ҳамчун сохтмони мӯҳташами гидроэнергетикии дар минтақа ба сони иншооти мӯҳташами обёрию энергетикӣ фаъолият намуда, бо қарори лоиҳавӣ сарбанди иборат аз хоку санг ба садди неругоҳи Норак шабоҳат дошта ва бо баландии 335 м бунёд гардад. Барои қабул намудани қарори мазкур силсилаи бузурги тадқиқоти назариявӣ ва амалӣ муҳосибавӣ, озмоишгоҳӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидаҳо гузаронида шуданд.
Дар ин зимн ошкоро баён ёфта буд, ки хусусияти хоса ва муайянкунандаи самаранокии иқтисодии неругоҳ ба иртифоъи садди он вобаста аст. Ин навъ ва шакли сарбанд дар асоси нусхаҳои гуногун интихоб гардида буд, то ки ба дараҷаи кофии ҳаҷми об ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда шуда, ба эҳтиёҷоти обёрӣ ҷамоҳири поёноби Амударё равона гардад ва ҳам истеҳсоли неруи барқ ба ҷо оварда шавад. Сохтмони сарбанди 335 метра имкон фароҳам меорад:
а) захира намудани 13 млрд мукааб ҳаҷми умумӣ ва аз он ҷумла 8,6 млрд мукааб ҳаҷми муфиди об ва ба ҳамин васила якҷоя бо обанборҳои Нораку Туямуюн маҷрои амударёро ба тӯли солиёни дароз ба танзим меорад;
б) ба таври илова 320 ҳазор гектар заминҳои навро обёрӣ карда, бо об таъмин гардидани 1млн гектар заминҳои Узбекистон ва Туркманистонро беҳтар менамояд;
в) об дар обанбори Роғун соф гардида, бо ҳамин фаъолияти обанбори Норакро боз ба муддати 100 сол дароз мекунад;
г) истеҳсоли коркарди миёнаи солонаро ба дараҷаи 13,3 млрд киловатт/соат таъмин менамояд, ки он норасоии шадиди ба неруи барқ доштаи минтақаро бартараф месозад. Дар баробари ин ба ҳалли муаммои қудрати неругоҳҳои фаъоли мамолики Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Умуман, самаранокии баланди неругоҳи Роғун аз ҳисоби даромади якҷояи неруи барқ ва додани об ба обёрии зироат таъмин мегардад. Агар дар сохтмон сарбанди баландиаш аз 335 метр пасттар бошад, масалан, 1 фоиз пасттар сохта шавад, самаранокии неругоҳ 1,5-2,0 фоиз камтар хоҳад шуд ва баландии сарбанд ҳар қадар пасттар гардад, самаранокии неругоҳ низ ҳамон қадар камтар мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки бунёди сарбанд дар ин дарғоти интихобшуда агар пасттар сохта шавад, дар оянда танзиму таъмини бисёрсолаи маҷрои дарёҳои Вахш ва Ому номумкин мешавад. Ба иртиботи иқлим, ки солҳои камобӣ зуд-зуд такрор шудан дорад, дар ин нуқтаи нодиртарин, ки дарғот эъмор мегардад, дар сурати пастар шудани сарбанд ба кишварҳои ҳавзаи Амударё зиёни калон хоҳад расид.
Ин нақшаҳо бо мақсади ҳаллу фасли комил ва муфиди истифодаи захираҳои оби минтақа ва асоснокии шабакаи чорабиниҳои хоҷагии об доир ба обтаъминкунии соҳаҳои рӯ ба инкишоф ниҳодаи хоҷагии халқ мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ! Барои давом додани сохтмони НБО Роғун ҷумҳуриҳои поёноби Амударё Ӯзбекистон ва Туркманистон зиддият нишон доданд. Сабаби норозигии роҳбарияти ин ҷумҳуриҳо ва махсусан Ӯзбекистон ин хатари руй додани зилзилаҳо дар атрофи сарбанди (баланди - 335 метр) НБО Роғун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё аст, ки ба обёрӣ намудани заминҳои давлатҳои поёноб оварда мерасонад. Барои санҷидани зарари экологии НБО Роғун ва обанбори он, ҳамин давлатҳо ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуданд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуданд.
Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд ва чи тавре,ки ба ҳамаамон маълум аст рӯзҳои наздик кушодашавии агрегати якуми он баргузор мегардад.
Пас, ассистенти кафедра Маҳмудов М.М., ки масъули корҳои тарбиявии кафедра мебошад суханронӣ намуда оиди зарурият ва аҳамияти сохтани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва кӯшишҳои беҳамтои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт қайд намуд.
Ӯ ба донишҷӯён даъват зоҳир намуд,ки дар ҷавоби ғамхориҳои Сарвари давлатамон бояд бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда ҷашни дар пеш истодаро сазовор пешвоз гирем.
Директори МТК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Таибов С.А. суханронӣ намуда оиди вазъияти сиёсии ҷаҳони имрӯза ибрози ақида намуда, аз ҳозирин хоҳиш намуд,ки зиракии сиёсиро бояд мо фаромӯш насозем ва қадри Модар-ватанро донем.
Дар охир мудири кафедра маҷлисро ҷамъбаст намуда қайд кард, ки мо бояд дастурҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Ватани азизамон мубориза барем.