НБО-и Роғун иншооти бузурги аср

НБО-и Роғун  иншооти бузурги аср

         Тибқи нақша - чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи Президенти Тоҷикистон» 12-уми ноябри соли 2018 дар толори хобгоҳи №6, чорабинии фарҳангӣ – сиёсӣ зери унвони «Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат ҳастем» дар мавзўи «16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Тоҷикистон» ва ифтитоҳи НБО Роғун бо иштироки намояндагони раёсати донишгоҳ сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, муттахассиси шӯъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ, коменданти хобгоҳ ва беш аз 90 нафар донишҷўён гузаронида шуд.

         Бояд қайд намуд, ки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон - Шарифов Қ.О. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният намуд. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак ва ҳамчунин доир ба таърихи сохтмони иншооти аср НБО-и Роғун маълумоти муфассал дода, ҳозиринро ба дӯстиву якдилӣ ва созандагӣ даъват намуд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон


21.11.2018 445

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php