Намоиш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Намоиш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва  дизайни Тоҷикистон Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии яке аз рассомони чирадасти тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, декани факултети санъати тасвирии ҳамин донишкада Фаррух Хоҷаев баргузор гардид. Хоҷаев Фаррух дар баробари санъати тасвирӣ бо мақсади рушди яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон- кулолгарӣ рӯй ба ин ҳунар овардааст. Эҷодиёти вай асосан аз гили пухта офарида шуда, аз лонаҳо, ҳайвонот ва шаклҳои гуногуни офаридаҳои табиат иборатанд. Асарҳои ин рассом дар осорхонаҳо, нигористонҳо, коллексияҳои Тоҷикистон, Русия, Аврупо ва давлатҳои Осиёи Миёна мавҷуд аст. Як қатор устодони Донишгоҳи тиббӣ ва донишҷӯдухтарони факултети тиббӣ дар намоиш иштирок намуда аз осори ҷовидона, ки давоми умри рассом ҳастанд, дидан намуда, бо ҳаёт ва фаъолияти ӯ шинос гардиданд.  

Шӯрои бонувон


17.01.2020 1454

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php