Нақши Шӯрои кураторӣ дар пешрафти тарбияи ҷавонон

Нақши  Шӯрои кураторӣ  дар пешрафти  тарбияи ҷавонон

Дар садорати факултаи тиббӣ Шӯрои кураторӣ бо оғози соли таҳсили нави 2018-2019, ба фаъолият шуруъ намуд, ки ҷаласаи навбатии худро 21-уми сентябри соли ҷорӣ гузаронид.

Саркураторҳо ва мутасаддиёни корҳои тарбиявии кафедраҳои дахлдори факултети тиббӣ нақшаи кори тарбиявии тасдиқшуда, ҷадвали дарсҳои кураторӣ ва рӯйхати кураторҳоро бо тасдиқ ва имзои мудирони кафедраҳо омода намуда, ба деканат супориданд. Саркураторон ва мутассадиёни корҳои тарбиявии кафедраҳои марбути факултети тиббӣ вазифадор карда шуданд, ки дар Шӯрои кураторон, ки дар як моҳ 2 маротиба гузаронида мешавад, фаъолона иштирок намоянд ва оиди корҳои иҷрошуда дар ҷаласаҳои Шӯрои кураторон ҳисобот супориданд. Инчунин қайд карда шуд, ки аз рӯзҳои аввали таҳсил ба кори тарбия диққати ҷиддӣ дода шавад.

Аксарияти кафедраҳо иштироки намояндаҳои худро дар Шӯро таъмин накарданд, ки ин аз бесалоҳиятии кафедраҳо шаҳодат медиҳад. Деканат тасмим гирифтааст, ки нисбати беэътиноии саркураторон ва мутасаддиҳои корҳои тарбиявӣ чора андешад.


Деканати факултети тиббӣ


02.10.2018 562

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php