Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди давлатдории навин
Масъалаи тарбияи донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳими раванди таълиму тарбия дар Донишгоҳи тиббӣ мебошад. Аз ин ҷост ки, дар дарсҳои забони русӣ дар барномаҳои таълими ақси ҳудро ёфтааст. Устодони кафедраи забони русӣ эҳсос мекунанд ки, имрӯз ҷавонони ҷумҳурӣ он нерӯи созандае ҳастанд, ки дар рушди давлатдории миллӣ ва суботи кишвар ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Бинобар ин аз 30 октябр то 12 ноябри соли 2018 дар кафедраи мазкур силсилаи конференсияҳои илмӣ- амалии донишҷӯён доир гардид, ки ба мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёд намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» бахшида шуда буд. Конфронсҳои аввалини илмӣ-амалии донишҷӯён, ки дар арафаи Рӯзи Конститутсия баргузор гардиданд ба ин ҷашн баҳшида шуда буданд. Баъд аз ин як қатор конференсияҳо дар мавзӯи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун –машъале, ки на танҳо ояндаи Тоҷикистонро, балки ҳамаи Осиёи Марказиро фурӯзон хоҳад кард» доир гардид. Ин чорабиниҳо баҳшида ба Рӯзи Президент ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО «Роғун» роҳандозӣ шуданд.
Дар конференсияҳо донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми ҳамаи факултетҳои ДДТТ иштирок намуданд, ки шумораи умумии гурӯҳҳое, ки бо ин чорабиниҳо фаро гирифта шуда буданд, ба 167 расид. А з ҷумла, курси 1, факултети тиббӣ – 59 гурӯҳ, факултети педиатрӣ - 6, гурӯҳ стоматологӣ - 6 гурӯҳ, НТҶ – 4 гурӯҳ, фармасевтӣ – 4 гурӯҳ; курси 2 факултети тиббӣ – 63 гурӯҳ, педиатрӣ – 6 гурӯҳ, стоматологӣ – 7 гурӯҳ, НТҶ – 4 гурӯҳ, фармасевтӣ – 4 гурӯҳро ташкил дод.
Дар гузаронидани конференсияҳо устодони кафедра фаъолона иштирок намуданд. Ҳар як конференсияро мудири кафедра, д.и.п., профессор У.Р.Юлдошев ифтитоҳ бахшид. Дар аввал профессор Юлдошев У.Р. донишҷӯёнро бо муносибати иди фархунда Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Рӯзи Парчам муборакбод гуфта, ба таҳсил ва корҳои илмӣ-тадқиқотии онҳо комёбиҳо хост.
Дар баромадҳояш профессор У.Р.Юлдошев оиди зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократӣ, шиносномаи давлат ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони садоқат ба давлату миллат будани Рӯзи Президент, гарави истиқлолияти энергетикии кишвар будани НБО «Роғун» сухан карда донишҷӯёнро ҳидоят намуд, ки ҷиҳати ободӣ ва пешрафти меҳани азиз пайваста кӯшиш намоянд. Ба Ватани азизи худ содиқона хизмат карданро аз Сарвари оқилу бохиради хеш Эмомалӣ Раҳмон омӯзанд ва ба қадри ин неъмати бебаҳо, сулҳу субот ва дастовардҳои сиёсиву иқтисодии давлат бирасанд.
Чӣ тавре, ки профессор У.Р. Юлдошев дар баромадаш қайд намуд, солгарди дуюми ҷашнгирии Рӯзи Президент аз он сабаб муҳим аст, ки маҳз дар ин рӯз агрегати якуми НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад. Соҳтмони ин бузургтарин иншооти тақдирсози миллат дар шароити душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ шуруъ шуд. Вале ирода, мардонагӣ, хирадмандӣ ва ҳисси баланди ватанпарварии Президенти кишвар имконият фароҳам овард, ки ин масъалаи тақдирсоз ҳалли худро ёбад. Имрӯз НБО «Роғун» ин на танҳо омили рушди иқтисодӣ, балки машъалест барои фурӯзон намудани Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ.
Дотсенти кафедра н.и.п., М.Р. Назарова дар баромадаш қайд намуд, ки моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиётсатмадорӣ ҷавон Эмомалӣ Раҳмонро ба миён овард. Ҳама он чизе, кӣ дорем ва фардо хоҳем дош ба ин рӯйдоди бисёр муҳими таърихи навини мо пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Дотсенти кафедра, н.и.ф., З.С. Самадова дар маърӯзааш зикр намуд, ки корномаҳои бузург, ки ормонҳои милливу мардумиро дар худ таҷассум намуда, нақши давлатмеҳварӣ дар ниҳоди ҳамагонро таҳким мебахшад, кофист, ки гиромидошти Рӯзи Президентро рамзи муҳаббат ба Ватан бишносем. Зеро ин ҷашни пуршукӯҳ барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти зиёд буда, ба сурати табиӣ дар шиноҳти саҳеҳтари арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.
«Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурмашаққати ҷангӣ шаҳрвандиро паси сар кард. Аз ин ҷанг, ки саҳифаи фоҷианоктарини таърихи халқи тоҷик ба хисоб меравад, мардуми тоҷик, ба туфайли ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона баромад» - таъқид намуд дотсенти кафедра, н.и.п., Т.М. Абдуллоева.
Дар маърӯзаи н.и.п., дотсент Баҳриддинова Г.М. қайд карда шудааст, кӣ бо номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амният, ваҳдатӣ миллӣ, бунёдкориҳои демократӣ дар Тоҷикистон пайваст мебошанд. Вақте ки тамоми кишвар дар остонаи фоҷеа истода буд, муҳтарам Президенти мо роҳ надод, кӣ ҷамъият ба ду тақсим шавад, тавонист мухолифатро аз байн барад, фирориёнро ба Ватан бозгардонад, сулҳро дар кишвар пойдор намояд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон В.А. Должикова қайд намуд, кӣ таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон барои бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷангзада ибратомӯз мебошад ки аз меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем.
Муаллимаи калони кафедра Х.И. Хайрова дар маърӯзааш, кӣ ба сохтмони НБО «Роғун» баҳшида шуда буд, қайд намуд, кӣ ин иншоотӣ тақдирсоз зери назорати доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки борҳо аз ҷараёни корҳои соҳтмони ин иншоот дидан кардааст.
Муаллимаи калони кафедра С.А. Ҳотамова зикр намуд, кӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ, таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ-таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқдисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
Маърӯзаи устоди кафедра М.А. Холматова ба ҷашнгирии Рӯзи Парчами ҶТ бахшида шуда буд. Ӯ зикр намуд, кӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.
Чӣ тавре, ки дар маърӯзаи устоди кафедра З.И. Шарипова омадааст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.
Дар аввали моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бузургтарин парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
Тамоми маърӯзаҳои устодон пур аз маводҳои шавқовари судманд буданд. Маърӯзаҳои донишҷӯён саршори ҳисси ватандустӣ ва фаҳр аз шаҳрванди ин кишвар будан аст. Донишҷӯён на танҳо маърӯза, инчунин шеърҳои ватанпарварӣ қироат намуданд, суруди миллии Тоҷикистонро хонданд. Гузаронидани силсилаи конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён дар кафедраи забони русӣ анъана шудааст.
Бо мақсади иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.10.2018 №16/10-5 дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2018, №05/5-971 дар робита ба омодагии ҳамаҷониба ва таҷлили сазовори ифтитоҳи НБО-и Роғун, як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд:
1. дар санаи 12 ноябр дар гурӯҳҳои кураторӣ (1 курси стом. №1,2,3,4,5,6 ва 1курси пед. №4,5,6) микро-конфронсхо дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёд намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун –машъале, ки на танҳо ояндаи Тоҷикистонро, балки ҳамаи Осиёи Марказиро фурӯзон хоҳад кард» гузаронида шуданд;
2. гурӯҳи №2 1 курси стом. овеза тайёр намуданд:«Роғун – ояндаи дурахшони Тоҷикистон», куратор Холматова М.А.;
3. омӯзгорон чорабиниҳои берундарсӣ гузаронида бо донишҷӯёни курси якуми факултаи педиатрӣ ва стоматологӣ аз осорхонаи давлатии милии Тоҷикистон ба номи Беҳзод дидан кардан. Онҳо бо кори НБО аз наздик ба таври макет шинос шуданд;
4. ҳама намуди машғулиятҳоро бо мавзӯи «НБО-и Роғун – меваи боғи истиқлолият!» оғоз намуданд (10-15 дақиқа);
5. ташкил ва баргузор намудани мизҳои мудаввар бо иштироки устодону донишҷӯён бахшида ба: «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди давлатдории навин»
6. 16 ноябри соли 2018 соати 15.00 донишҷӯёни курси якум, гурӯҳи 3, 4, 12, 29, 30,58 тиббӣ ва курси дуюми гурӯҳи 15 тиббӣ кушодашавии агрегати авали НБО-и Роғунро бо воситаи оинаи нилгун тамошо намуданд.
Дар охир бояд қайд намуд, ки устодони кафедра Н.Р.Назарова, О.А. Лысых, Ш,Б. Баҳромӣ ва Д.Х. Султонова (8 ноябр) ва М.А.Холматова, З.И.Шарипова, Н.Ш.Алиева (12 ноябр) дар хобгоҳи № 5 донишгоҳ низ микроконференсия доир намуданд. Дар ҷамъомад донишҷӯёни курси якум, дуюм ва сеюм иштирок намуданд. Омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯён савол мегузоштанд, ба саволҳои омӯзгорон посух медоданд. Омӯзгорон ҳам низ ба саволи донишҷӯён ҷавоби пурра медоданд.
Гузориш ба сайти донишгоҳ «Сомона», ба газетаи «Ворисони Сино», шӯъбаи илм ва инноватсия ва ба муовини ректори ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино оид ба тарбия ва фарҳанг, номзади илмҳои тиб, дотсент Қурбонбекова П. К. пешниход мегардад.
С.А. Хотамова ва М.К. Шодиматова, омӯзгорони калони кафедраи забони русӣ