Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба “Рӯзи маъюбон”

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба “Рӯзи маъюбон”

     Бо ташаббуси Ҷаъмияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ дар байни дастаҳои шахсони дорои маъюбият санаи 30-юми ноябри соли 2018 соати 1000 дар толори варзишгоҳи хиёбони Раҳмон Набиев н. Фирдавсӣ бахшида ба “Рӯзи маъюбон” баргузор гардид.

     Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо нисбат ба маъюбон дар замири ҷавонон ҳиссиёти садоқату ғамхори ба маъюбону пиронсолон, шахсони якаву танҳо ва ба меҳрубони ниёз дошта, шуълавар намуда ҷавононро водор ба дарк намудани сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар нисбати маъюбон менамояд.

       Аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., ва 40 нафар донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

  Шуъбаи кор бо ҷавонон


05.12.2018 435

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php