Мизи мудаввар дар маркази таълимии “Сарвар”

Мизи мудаввар дар маркази таълимии “Сарвар”

      Дар маркази таълимии “Сарвар” 18 декабри соли 2018 дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим, оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ” бо иштироки донишҷӯдухтарони марказ мизи мудаввар гузаронида шуд. Зикр бояд кард, ки дар ин муассиса 42 нафар донишҷӯдухтарон аз донишгоҳи тиббӣ низ таҳсил менамоянд, ки 18 нафарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда мебошанд.

         Духтарони фаъоли Шӯрои бонувон ва тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуданд: Бердиева Ф. дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи тарзи ҳаёти солим”, Икромбоева М. дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим”, Ҳоҷиева Р. дар мавзӯи “Солимии ҷомеа – солимии давлат аст”, Аминзода С. дар мавзӯи “Оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ”, Давлатова М. дар мавзӯи “Сабабҳои бемориҳои ирсӣ”, Каримова М. дар мавзӯи “Воқеаҳои таърихии бемориҳои ирсӣ”.

         Мизи мудаввар бо иштироки директори маркази таълимии “Сарвар” Камолова С.Ҷ., муовини директор Сафарова Г.Р., раиси Шӯрои бонувони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ҳоҷиева Г.Б., муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З., сурат гирифт. Дар охир викторина бо саволу ҷавобҳои ҷолиб пешкаш гардид.

 

 Г.Б. Ҳоҷиева, Раиси Шӯрои бонувон

Ҷ.З. Иргашева, муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

 


22.12.2018 517

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php