Мероси ниёгон

Мероси ниёгон

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати бостонии тоҷик санаи 29.10.2020 бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварда шуд. Зимни боздид донишҷӯён бо мероси гаронбаҳои аҷдодони тоҷикон аз наздик шинос гардида, инчунин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро тамошо намуданд. Ҳар як нигораҳои таърихиро мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, номзади илмҳои таърих Абдураҳмонов З.В ба донишҷӯён муаррифӣ намуда ба кадом давру замон мутобиқ будани онҳоро ба таври возеҳ ба донишҷӯён шарҳ доданд.

Ҳангоми боздид донишҷӯён ба саволҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи тарбия


02.11.2020 1029

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php