Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад...

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад...

5-уми октябри соли равон  тибқи фармони Ректори донишгоҳ оиди баланд бардоштани фарханги сиёсӣ, худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маънавиёти мухассилин дар кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта ҷамъомад дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир»  баргузор шуд. Дар ин ҷаъомад донишҷуёни гуруҳои 41-44 курси 5, ки  теъдодашон 60 нафарро ташкил медод, ширкат намуданд.

Дотсенти кафедра Бобоқонов М.Н.  дар баромадаш   қайд кард: Дар шароити қаҳоншавӣ душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар мақрои чаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва  бе масъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, қавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин қалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

 

 Р. Н. Бердиев, мудири кафедраи ҷарроҳии асаб

 ва садамаҳои омехта,  д.и.т. 

                     


11.10.2018 535

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php