МАСЪАЛАҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

МАСЪАЛАҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

         Масъалаи ҷавонон ва мавқеи онҳо дар татбиқи сиёсати давлат пайваста дар таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ диққати аввалиндараҷа равона карда мешавад, зеро татбиқкунандаи ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат маҳз ҷавонон ба ҳисоб мераванд.

          Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, онро қувваи бузург арзёбӣ намуданд. Албатта дар кишвар қишри асосиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳама вақт дар таваҷҷӯҳи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат қарор доранд. Роҳбари давлат доимо дар суханрониҳояш ҷавононро нерӯи созанда маънидод намуда, ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубро ба фаъолияти босамари онҳо рабт медиҳад. Ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳадафи ин озмунҳо чунин қайд гардид: «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.»

         Дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ низ нақши ҷавонони тоҷик ниҳоят муассир аст. Пешвои миллат бо ифтихори баланд иброз доштанд, ки «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.»

         Бо ҳамин ҳадафҳои созандаи сарвари давлат ва фаҳмондани муҳтавои нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон санаи 23- юми феврали соли равон дар хобгоҳҳои № 4, 6 ва 7 –ум вохӯрии судманд бо иштироки Роҳбари Ташкилоти табибони ҷавон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Сафаралиев Б, сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О ва Раиси КИКД Саидов И.С . доир гардид. Сараввал намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Б.Сафаралиев бошандагони хобгоҳро ба муносибати 28- умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, вобаста ба рушди соҳаи тандурустии кишвар, ки яке аз паҳлуҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат буданд маълумоти муфассал доданд.

         Дар навбати худ сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В. суханронӣ намуда таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷалб намуда бо далелҳои мушаххас муҳтавои Паёми Пешвои миллатро дар ин самт шарҳ доданд.

         Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарипов Қ.О ва Раиси КИКД Саидов И.С. диққати иштирокдорони вохӯриро ба сиёсати давлатии ҷавонон ва таваҷҷӯҳи беваоситаи сарвари давлат ба таҳкими мавқеи ҷавонон ҷалб намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар якҷоягӣ дар меҳвари сиёсати оқилонаи Пешвои миллат 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз хоҳанд гирифт. Даъват ба хушнудӣ пазируфта шуд.

         Кори вохӯриро сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. ҷамъбаст намду аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои дасгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар таълиму тарбияи ҷавонон изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи тарбия

 


МАСЪАЛАҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
МАСЪАЛАҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
МАСЪАЛАҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
24.02.2021 402

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php