Ман ватанро чу модар дӯст дорам
Инак аз таъсисёбии Қувваҳои масаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ шуд. Ва давоми ин солҳо кишваре, ки аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ осеб дида буд, куллан дигаргун гардида, ба як давлати пешрафтае табдил ёфтааст. Дар ободонию пешравиҳои кишвар саҳми тамоми қишрҳои ҷомеаамон назаррас мебошад.
Инсоният ҳамон вақт метавонад дилпурона барои ояндаи нек қадам гузорад, ки агар дар ватанаш ваҳдату осоиштагӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукумфармо бошад. Ва хушбахтона-мо тоҷикон имрӯзҳо дар чунин як сарзамини орому осуда зиндагонӣ дорем ва пайи ободиаш камар бастаем.
Дар таҳким ва густариши ваҳдати миллии кишварамон саҳми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаромӯшношуданист. Ҳамзамон, дар ин радиф метавон аз хизматҳои мардонавори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва аскарону афсарони шуҷои ватан низ ёд овард. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, сарфи назар аз мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қувваҳои мусаллаҳи ватан дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, Артиши миллии худро ба миён оварданд. Ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии ин фарзандони барӯманди кишвар аст, ки имрӯзҳо мо дар ватан орому осуда кор ва зиндагонӣ дорем.
Қувваҳои мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб мераванд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (2017) баён доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо фахр мекунем».
Ба хотири пос доштани хизматҳои сарбозони кишвар ва албатта дар умум Қувваҳои мусаллаҳи ватан, ба муносибати 27-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19.02.2020 дар Боғи зимистонаи МТ шаҳраки «Шифобахш»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» чорабинии идонае баргузор гардид. Дар чорабинӣ Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа, Муовини ректор оид ба тарбия, н.и.т, дотсент Қурбонбекова Парвина Қамчибековна, мудир ва устодони кафедраи тибби ҳарбӣ ва дигар кафедраҳо (забони тоҷикӣ, ҷомеашиносӣ), раиси ИКК-и донишгоҳ Расулов С.Н., сармутахассиси шуъбаи тарбия Ҳафизов Т.С., инчунин донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа оғоз гардид. Саидмуқим Тиллохӯҷа сараввал табрикоти ректори донишгоҳ, д.и.т. профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Курбоналиро ба аҳли ҷамъомада расонида, иброз доштанд, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, пайи оромию созандагии мамлакат ҷони худро дар хатар гузошта, дар ҳимояи марзу буми кишвар содиқона ва софдилона хизмат мекунанд. Ва алабатта мо бояд ҷавобан ба ин мардонагии эшон мудом бетарафӣ накарда, баракс эҳтиромашонро ба ҷо орем. Ҳамин тавр Ибодзода С.Т. роҷеъ ба мафҳуми артиши миллӣ ба аҳли нишаст маълумоти мухтасар дода, бори дигар ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии кишвар муборакбод намуд.
Сипас бо даъвати ровӣ сардори кафедраи тибби ҳарбии донишгоҳ, полковник Баротов Зафар Абдуллоевич ба сухан баромада, оид ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҷамъомадагон маълумотҳои мушаххас ва зарурие расонид.
Пасон аз ҷониби донишҷӯёни кафедраи тибби ҳарбии донишгоҳ лаҳзаи расонидани ёрии аввалин ба захмиён ва кор бо аслиҳаи ҷангӣ-тоза намудан, ба қисмҳо ҷудо кардан ва аз нав ҷо ба ҷо сохтани яроқ пешкаши аҳли нишаст шуд, ки мақбули устодону донишҷӯён гардид.
Дар интиҳо, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳайати шахсӣ ва кормандони кафедраи тибби ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъоли кафедраи тибби ҳарбӣ бо сипосномаҳо, ифтихорномаю туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардонида шуданд.
Аъзои дастаи «Шифо»-и назди шуъбаи фарҳанги донишгоҳ бо дастагули рақсу таронаи худ ба чорабинӣ фазои фарҳангӣ бахшиданд.
Ҷамъомади идона аз ҷониби шабакаҳои телевизионии кишвар «Сафина», «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» наворбардорӣ ва тавассути барномаҳои хабарӣ пахш кунонида шуд.
Шуъбаи фарҳанг
22.02.2020
717