“Ман ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони ин гӯшаи зебои кӯҳистон боварӣ дорам”

      Суханони боло пур аз меҳру муҳаббат ва пандомези Пешвои миллат ҳанӯз соли 2016 дар вохурӣ бо сокинони Ванҷи пурганҷ садо дода шуданд ва дар таърихи муосири Бадахшон бо хатҳои заррин нақш бастанд. Сарвари давлат дар ҳар як сафари хеш ба Бадахшон аз ҳар гӯшаю канори биҳиштосои он дидан намуда, бо хоксориву инсонпарварии ба худ хос, нишон аз меҳру муҳаббати содиқона ва эҳтироми самимӣ ба тоҷикони асили кӯҳистон пайваста баҳои баланд медоданд.

      Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рӯшон низ дар ҳамин соли хотирмон барои кулли сокинони вилоят иброз доштанд, ки “сокинони Рӯшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун одамони ростқавлу ҳимматбаланд ва озодманишу ботамкин ёдовар шудаанд”.

       Сардори давлат мардуми Шуғнонро заҳматкашу сарбаланд ва маъсулиятшинос унвон карда, бо боварии комил ба сокинони он муроҷиат намуданд: “Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини Шуғнон чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукригузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осӯдаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд ва диёри худро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд”.

        Бо ифтихори баланд ва изҳори хушнудӣ Пешвои миллат дар мулоқоташ бо сокинони ноҳияи Ишкошим гуфта буданд, ки “Ман аз ҳисси баланди миллӣ, ғурури ватандорӣ ва нангу номуси мардуми Ишкошим фахр дорам”. Дар умум Президенти мамлакат бо фаъолони вилоят мулоқот ороста, аз чеҳраҳои кушодаи мардум, меҳмоннавозии тоҷикони кӯҳистон истиқбол намуда, зикр карданд, ки барои ободии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ҳеҷ чизро дареғ нахоҳад дошт. Пешвои муаззами миллат дар чорабинии фарҳангии омодакардаи сокинони вилоят бахшида ба иди ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ бо суханони воло ва нуктасанҷонааш боз ҳам мардуми онро болидахотир ва рӯбаланд намуданд: “Шумо бо лутфу марҳамат, меҳмоннавозию меҳмондории анъанавии тоҷиконаатон қалби тамоми мардуми Тоҷикистонро тасхир намудед. Ман мушкилоти шуморо хуб дарк мекунам, аммо сарфи назар аз ин мушкилот ба ҳамагон исбот намудед, ки дар замири шумо, дар тафаккуру андешаи шумо хиради азалии ориёӣ побарҷост. Шумо бо пиндоратон, гуфторатон ва рафторатон дар қалби ҳамагон тухми муҳаббат, вафодорию бародарӣ, тухми ваҳдат коридед. Ваҳдати воқеӣ ана ҳамин аст. Барои ман чеҳраи кушодаву болидаи шумо беҳтарин мукофот, олитарин армуғон аст, ки бо худ ба маркази ҷумҳурӣ мебарам. Аҳсан, аҳсан, аҳсан!”- таъкид намуданд Ҷаноби Олӣ.

       Тоҷикони кӯҳистон ҳеҷ гоҳ меҳру муҳаббати сарвари давлатро нисбати хеш фаромӯш нахоҳанд кард, балки дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ даст ба дасти ҳам дода, дар таъмини тинҷиву оромӣ ва риояи талаботи қонуну тартибот минбаъд низ саҳм хоҳанд гузошт. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ агар назар афканем боби ҳафтуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” номида шудааст. Дар тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Дар муайян намудани вазъи ҳуқуқии ВМКБ ҳаминро ба эътибор гирифтан зарур аст, ки он давлат намебошад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ” ин вилоят қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад. Ҳайати этникии ВМКБ гарчи гуногунранг бошад ҳам, сокинони он асосан тоҷиконанд, ки таърихан дар шароити махсуси ҷуғрофию табиии ин минтақа, дар дараю водиҳо дар робитаи маҳдуд бо якдигар ҳазорсолаҳо зиндагӣ кардаанд. Сарҳади хориҷии ВМКБ дар айни замон сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. Пас хулоса бояд кард, ки вилояти Бадахшон пораи хоки муқаддаси Тоҷикистон мебошад ва то он даме, ки Тоҷикистон поянда аст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пойдор аст. Маҳз ташкилёбии ВМКБ дар ҳайати Тоҷикистон сабаб гардид, ки ин кишвар аз мухторият ба ҷумҳурии мустақил табдил ёфт. Имрӯз дар баъзе расонаҳои хабарӣ гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз ҳузури қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар Бадахшон “нигаронӣ” менамоянд ва гӯё ба ин роҳ “муҳаббат”-и худро ба сокинони он нишон медиҳанд. Саволи матраҳ ин аст, ки пас сарҳади ин гӯшаи кишварро киҳо аз душман ҳимоят мекунанд? Таъмини амнияти ин мардум бар дӯши кист? Ин саволест, ки аз ҷавонони худогоҳу худшинос ҷавоби содда, вале ҷиддиро талаб менамояд.

      Таърих гувоҳ аст, ки ба сари мардуми Бадахшон низ мисли дигар ҳаммилатонаш дар тӯли таърих чӣ бадбахтиҳое наомада буд. Сокинони куҳансоли Бадахшон то ҳол аз тақдири бади аҷдодонашон дар давраи зулму истисмори даҳсолаи афғонҳо дар асри XIX ёдовар мешаванд. Табиист, ки шоири шуғнонӣ Хушҳолбек он давраро чунин тасвир намудааст:

Аз толеи бади мо афғониён расида,

Аз ҷавру зулми афғон оташ ба ҷон расида,

Ин гардиши замона аз нокасон расида,

Ин даври чархи гардун аз осмон расида,

Бингар чӣ бетамизӣ дар ин замон расида...

       Барои ҳамин ҷавонони сарбаланди Бадахшонро зарур аст, ки аз ин ҳодисаи мудҳиши аҷдодон сабақ гиранд. Барои исботи ин гуфтаҳо на танҳо варақгардон кардани таърихи гузашта лозим аст, балки аз он тарафи дарёи Панҷ нигариста, ба ҳаёти мардуми он тарафи марз бояд баҳогзорӣ намуд . Зеро замоне бобоёни мо низ дар ин аҳволи вазнин қарор гирифта буданд ва он дар якҷоягӣ ягона хоки Бадахшонро ташкил медод. Вазъияти ноороми ҳамсоякишвар даст намедиҳад, ки он тарафи Бадахшони Афғонистон низ чун Бадахшони Тоҷикистон ба дарвозаи тиллоӣ табдил ёбад. Дар мафкураи танги ифротӣ қарор гирифтани сокинони он сӯйи дарё ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистони муосир таърихи нангини аҷдодони моро дар қарни XIX -ро айни ҳол чун намунаи ибрат дар назарамон ҳувайдо намудааст. Имрӯз низ ҷавонони боору номуси ин минтақаи биҳиштҳосоро лозим аст, ки аз таърихи начандон дури бобоёнашон ибрат гиранд, дар атрофи ҳукумати қонунии кишвар муттаҳид шаванд ва бо шукригузорӣ аз фазои орому осӯдаи кишвари соҳибистиқлоламон баҳра гирифта, дар ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд. Ҳақ бар ҷониби Мавлоно, ки фармудаанд:

Дило назди касе биншин, ки аз дилҳо хабар дорад,

Ба зери он дарахте рав, ки он гулҳои тар дорад.

Дар ин бозори атторон марав ҳарсӯ чу бекорон,

Ба дӯкони касе биншин, ки дар дӯкон шакар дорад.

       Вазъияти пуртазоди ҷаҳони муосир ва бахусус вазъи ноороми Афғонистони ҳамсояи мо, ҳар як фарди соҳибақлу худшиносро муваззаф месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдати милливу дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Албатта ҳаёт дар ҳар кишвар хоҳ он муттарақӣ бошаду хоҳ як андоза қафомонда ҳатман он аз проблемаҳои мубрам иборат аст ва роҳи ҳалли онҳо як солу ду сол нахоҳад буд. Пас, агар сулҳу ваҳдатро пеша намоему шукронаи Ватани хеш намоем. Боварӣ дорам, ки мардуми мо низ ҳар гуна мушкилотро дар муҳлатҳои муайян бартараф хоҳанд кард. Дар фуроварди гузориш ҳушдор бояд дод, ки ашхоси чашмгуруснаи носипос манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои ҷомеа болотар гузошта, бо дастгирии хоҷагони худ тарки Ватани хеш намудаанд. Онҳо танҳо мехоҳанд аз бо дасисаҳои дурӯғини худ “обро лой карда моҳӣ доранд” ва бо ин васила ба боварии бархе аз ҷавонони содда ворид гардида, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Вале бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони боғайрати Бадахшон аз қуллаҳои осмонбӯси ин гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб бо як овоз ба сӯйи зархаридони хориҷӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротпарасти ба ҳамагон маълум бо нидои ориёнӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ғурури марғуладори кӯҳистонона ҳушдор медиҳанд, ки:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

  

З. Абдураҳмонов – муаллими кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


24.10.2018 495

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php