Маълумот оид ба ҷашни фестивали миллии мардуми ҳинду саросари ҷаҳон - «Дивали»

Маълумот оид ба ҷашни фестивали миллии мардуми ҳинду саросари ҷаҳон - «Дивали»

Санаи 12.11.2020 дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бахшида ба фестивали миллии мардуми ҳинду саросари ҷаҳон - «Дивали» бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вираҷ Сингх, Ҷагдип Капур ва Абдул Сами – котибони дуюми сафир, Прамод Кумар Пант – консули сафорат ва Атул Кумар Пандей – Аташеи сафорат барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх оғоз намуда, баъдан муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии донишгоҳ, д.и.т., профессор Ибодзода СаидмуқимТиллохуҷа, иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда, ки баёнгари таърихи қадим ва фалсафаи хеле аҷиби Ҳиндустон асту яке аз ҷашнҳои бузурги ин мамлакат ба шумор рафта, дар он хислату рафтори башардӯстона инъикос гардидааст, табрик намуданд.

Дар фестивали мазкур дигар меҳмонони олиқадр аз ҷумла, Ҷагдип Капур ва Абдул Сами – котибони дуюми сафир, Прамод Кумар Пант – консули сафорат ва Атул Кумар Пандей – Аташеи сафорат ва кормандони раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” иштирок варзиданд.

Ҳамин тавр, дар охир иштирокчиён аз барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ болидахотир гардида, барои ташкилкунандагони он сипоси беандозаи худро баён намуданд. 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ


3
2
1
19.11.2020 411

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php