Маҳфили сиёсӣ- тарбиявӣ
Санаи 29-уми октябри соли 2018 дар кафедраи фанҳо ҷомеашиноосӣ бо ташаббуси донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 13-14) зери роҳбарии куратори гурӯҳ Амонова С.Б. ба истиқболи солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили сиёсӣ – тарбиявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ” доир гардид. Дар маҳфил донишҷӯён Насриддинова Гулхоним дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории тоҷикон” ва Идигули Одина дар мавзӯи “Хусусиятҳои демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд. Дар маҳфил муалимаи ҳуқуқшиносӣ Ҳамроқулова Ҷонона ширкат дошта, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ