Маҳфили “Синохонӣ”
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом,
Салом дорам, дуруд дорам ба Сино,
Саломе чун суруд дорам ба Сино.
Санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ вобаста ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО ва гиромидошти хотири Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун анъана маҳфили “Синохонӣ” доир гашт.
Азбаски мардумони шарқ аз қадимулайём халқиятҳои мутамаддин ва бо фарҳангу дорои расму ривоҷҳои хосса буданд, бемории ВНМО он қадар шоеъ набуд. Вале бо пешрафти илму техника ва рушди воситаҳои ахбори омма ин беморӣ дар мамлакатҳои шарқ низ ба қайд гирифта шуд.
Бахшида ба рузи чахонии мубориза бар зидии бемории ВНМО Мирзоев Сино ординтори клиникии соли 2-юми кафедра маърузае омода намуда пешкаши ҳозирин гардонд.
Баъдан маҳфили “Синохонӣ” бо суруд бахшида ба Абӯали ибни Сино оғоз гардид.
Баъди асрҳои тӯлонӣ акнун баъзеҳо муддаиянд, ки ибни Сино аз мосту меросаш ҳам барои мост. Таърихро ҷустуҷӯ мекунанду дар пайи санаду далеланд. Аммо Бӯалиро бояд дар замони муосир ҷустуҷӯ кард. Синоро дар миллату давлате меёбед, ки асрҳо посдори ақидаҳояш буданду ҳастанд, эҳёгари тафаккури фалсафию илмиаш буданду ҳастанд, ворисони дониши тиббиаш буданду ҳастанд. Оре, Бӯалиро бояд дар сарзамини тоҷикон ва дар замири ҷавонони тоҷик ҷустуҷугар бошем. Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамаи соҳаҳои тиб возеҳу равшан аст. Инро истифодаи солҳои тӯлонии мамлакатҳои шарқу ғарб аз ганҷинаи беҳамтои «Қонуни тиб» исбот менамояд. Дар соҳаи асабшиносӣ низ саҳми босазои Бӯали назаррас аст.
Ординатори клиникии соли 2 Муродова Меҳрубон дар бораи «саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар ташхис ва табобати бемориҳои асаб» бештар тавзеҳ дод.
Ибни Сино вожаҳоро бо рақси калимаҳо ба назм даровардааст.
Шайхурраисро падари фалсафаи порс меноманд, эшон фалсафа ва тибро улуми ҷудонопазир медонистанд. Барои тавзеҳи бештари ин маҳорати эшон маърузаро аз тарафи ординатори клиникии соли 2 кафедра Ясоева Гулнора омода намудааст, бо гуши ҷон шунидем.
Барои болидахотирии ҳозирин саҳнае аз тарафи гурӯҳи ординаторон ва интернаҳо пешниҳод карда шуд.
Фарзанди подшоҳе ба бемории руҳии молихулё мубтало шуда буд ва хаёл мекард, ки гов шуда ва ҳама рӯза дод мезад:
Шоҳаншоҳ аз саросари Мовароуннаҳр табибони барҷастаро даъват намуд
Маҳфили “Синохонӣ” бо сухани мудири кафедра н.и.т, Ғаниева М.Т ба итмом расид.
Аз авҷи баланди меҳр то маркази хок,
Афлок паймудаму хомуну мағок.
Н-афзуд чу дар вуҷуди ман як хошок,
Даст аз ҳама хиллаҳо фурӯ шустам пок.
Кафедраи асабшиносӣ бо асосҳои ирсияти тиббӣ