Маҳфили навбатӣ
Мувофиқи нақшаи кории Шуъбаи кор бо ҷавонон 3-юм ва 5-уми марти соли 2020 дар толори МОМА машғулиятҳои навбатии маҳфили “Ёрии аввал” дар мавзӯи “Асосҳои ёрии аввал ва дастгирии руҳӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода” баргузор карда шуд.
Дар машғулиятҳо Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н., намоянда аз шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, сардори маҳфили “Ёрии аввал” ва донишҷӯёни гурӯҳҳои ташкилшудаи маҳфил ширкат варзиданд.
Мавзӯи машғулиятҳои навбатӣ аз ҷониби донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Мадаминов Хусрав бо таври интерактивӣ пешниҳод гардид, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н. ба саволу пешниҳодҳои донишҷӯён ҷавобҳои аниқу мушаххас гардонида ҳамзамон арзу сипоси худро ба Раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба гузаронидани чунин маҳфилҳо дар байни донишҷӯён ва ҷавонон изҳор намуданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон
11.03.2020
563