Маҳфили донишҷӯдухтарони ҳунарманди факултети фармасевтӣ

Маҳфили донишҷӯдухтарони ҳунарманди факултети фармасевтӣ
Аз байни донишҷӯдухтарони курси якуми факултети фармасевтӣ як гурӯҳ духтарони ҳунарманд ва адабиётдӯст номнавис гардиданд. 12.12. соли 2019 бо онҳо маҳфил гузаронида шуд. Саидова Бибимайрам, Қосимова Манижа маҳорати шеърхонӣ ва сурудхонии худро бо забони тоҷикӣ, туркӣ, ӯзбекӣ намоиш доданд. Сатторова Таиса бошад шеъри эҷодкардаи худро бахшида ба сарвари муаззами тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат намуд. Як қатор духтарон маҳорати пухту паз, дӯхтани либосҳои миллӣ, бофтани либосҳоро пешниҳод намуданд. Омодашавӣ ба конкурсҳои духтарони ҳунарманд ба нақша гирифта шуд.
Шӯрои бонувон

21.12.2019 260