Маҳфили “Дӯстдорони китоб”
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтад аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафатад бар замин қадри сухан.
Санаи 3-юми ноябри соли 2018 маҳфили “Дӯстдорони китоб”-и факултети НТҶ-и ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино дар мавзӯи “Қадри сухан” баргузор гашт. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби аъзоёни маҳфил мафҳум, қадр, манзалати сухан ва шеърҳо дар васфи сухан ва забон пешниҳод карда шуд. Инчунин дар байни донишҷӯён викторина гузаронида шуд, ки донишҷӯён аз гуфтаҳои бузургон дар васфи сухан ёдовар шуданд.
Факултети НТҶ