Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад

Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад

Дар толорҳои лексионии ба номи “Б. Исҳоқӣ” ва “М.Ғуломов”-и МТ шаҳраки “Шифобахш” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд. Баъди тамошои филм донишҷӯён фикру ақидаҳои хешро ба тариқи зайл баён намуданд.

Тағоймуродзода Субҳон - донишҷӯи курси 3- юми факултети тиббӣ:

Аз аввали тамошои филм аён гардид, ки аъзоёни ТЭТ “Ҳизби наҳзат” ҳанӯз ҳам фаъолияти разилонаи хешро давом дода, дар якҷоягӣ бо хоҷагони хориҷии хеш аз пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми шарафманди он ҳасад мебаранд. Филми мазкур ҳар як шахсро ба он водор месозад, ки якпорчагии Ватани маҳбуби хешро қадр намоянд, дастовардҳои беназири онро ҳифз намуда, аз лашкари Аҳримани асри навин эъмин нигоњ дорад.

Мирбақоев Нусратулло донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ:

Дар рафти тамошои филми мазкур ба худ савол додам, ки наход фарзанди инсон ба хотири пулу мол шуда, Ватани аҷдодии хешро тарк намояд ва аз хориҷи кишвар ба ободии диёри худ бо чашми нафрат нигоҳ кунад. Шояд Кабирӣ, Салимпур ва дигар аъзоёни ватангумкарда зодаи модари тоҷик набошанд? Зеро модари тоҷик таърихан қаҳрамонро ба дунё овардааст, на хиёнаткорро.

Ҳаитов Давлатҷон- донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ:

Баъди тамошои филм пай бурдам, ки ҳоло ҳам аъзоёни ТЭТ “Ҳизби наҳзат” тибқи мақоли тоҷикӣ мехоҳанд обро лой карда моҳӣ доранд. Вале ин тири онҳо хок мехурад, зеро мо ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ дигар намегузорем, ки пойи нохалафе ба сарзамини мо расад ва модари тоҷикро ҷигарсӯз намояд.

Њалимов Мирзобадал - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ:

Маърӯзаҳои ғайривоқеии Кабирӣ ва гузоришҳои дурӯғини Салимпур ҳеҷ гоҳ наметавонанд монеаи пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол гарданд.

Давлатов Фаридун -донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ:

Тоҷикистони мо имрӯз кишвари солҳои 90- уми асри гузашта нест. Мо имрӯз ба сипари боэътимоди давлатамон боварии комил дорем ва тибқи мақоли тоҷикӣ “Маҳтоб, ки рӯи пок дорад, аз бонги саге чи бок дорад” амал менамоем.

Баъди фикрронии донишҷӯён сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В. сухан ронда, мушкилоти солҳои 90- уми асри гузаштаро, ки бевосита ташкилкунандаи он маҳз наҳзатиҳо буданд бо факту рақамҳои дақиқ ба донишҷӯён шарҳ дод. Зикр гардид, ки аъзоёни “Ҳизби наҳзат” аз аввали солҳои истиқлолият намехостанд, ки мардуми заҳматкаши тоҷик оромона ҳаёти хешро пеш баранд. Хушбахтона хиради азалии тоҷик ғалаба намуда мардуми тамаддунофари тоҷик дигарбора гирди Исмоили Сомонии замонашон – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада имкон надод, ки душманони миллат бори дигар халқи таърихан озодхоҳи тоҷикро аз ватани аҷдодӣ маҳрум намояд. Ин имтиҳони таърихӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон, дар ҳақиқат, ворисони Коваи оҳангар буда, намегузоранд, то Заҳҳоки хунхор ва морони ӯ кишвари онҳоро оғуштаи хун намояд.

Баъд аз суханронии сардори шуъбаи тарбия донишҷӯён бо як овози марғуладор ва пур аз эҳсос ба ҷониби Заҳҳоки асри XXI- Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои рондашудаи ӯ нидо карданд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. 

Шуъбаи тарбия


2
1
24.09.2020 1036

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php